Предыдущая публикация
Фақри Қуръон эҳтисоби ҳасту буд,
Не рубобу мастиву рақсу суруд.
Факри мўъмин чист? Тасхири ҷиҳот,
Банда аз таъсири ў мавлосифот.
Фақри кофир хилвати дашту дар аст,
Фақри мўъмин ларзаи баҳру бар аст.
Зиндагӣ онро сукуни ғору кўҳ
Зиндагӣ инро зи марги бошукўҳ.
Он Худоро ҷустан аз тарки бадан,
Ин худиро бар фасони Ҳақ задан.
Он худиро куштану восўхтан,
Ин худиро чун чароғ афрўхтан.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев