#Раънои_Мубориз Ман рози ниҳон бо ту нагӯям, ба кӣ гӯям? Аз ранҷи замон бо ту нагӯям, ба кӣ гӯям? Аз хории худ, зории худ, ёрии ношуд, Аз ҷабри касон бо ту нагӯям, ба кӣ гӯям? Аз он, ки надорам ҳунари зистан имрӯз, Аз сустии ҷон бо ту нагӯям, ба кӣ гӯям? Аз он ки кунун давр ба коми ғару ғук аст, Аз зиштии шон бо ту нагӯям, ба кӣ гӯям? Дам кардаам аз оҳу кафидан шуда наздик, Аз сабри гарон бо ту нагӯям, ба кӣ гӯям? Танҳо туиву тоқати бишниданамат аст, Раъно, зи ғамон бо ту нагӯям, ба кӣ гӯям?
#Муноҷот Худовандо гуноҳ бисёр дорам, Гунаҳкорам бад ин ақрор дорам. Манам аз ҷони ғафлат гашта сармаст, Зи по афтода умрам рафт аз даст. Иллоҳо то дар ин олам асирам, Зи луфти хеш бошӣ дастгирам Маошам бахш аз касби ҳалолам, Ҳаромиро макун дохил ба молам. Ба ҳар ҷо по ниҳам хайрам ба пеш ор, Дилу дастам зи кор бад нигоҳ дор. Раҳи таҳқиқро бар ман ато кун, Зи ман ёри мунофиқро ҷудо кун. Маро бесабру саргардон магардон, Зи бад гуёну бадкорон магардон. Илоҳо толеъамро қуввате бахш, Барои кори хайрам фурсате бахш. Диламро бодаи раҳмат бинушон Танамро хилқати раҳмат бипушон. Илоҳо то ватан дорам ҷаҳонро, Ба ман манмой фироқи дустонро. Фузун кун дар дили ман майли тоат, Бид
04:35
#Сайидои_Насафӣ То чароғи анҷуман кардам забони хештан, Мехурам чун шамъ доим мағзи ҷони хештан. Гавҳари ман дар таҳи гарди қасодӣ шуд ятим, Вақти он омад, ки барбандам дукони хештан. Руйи беҳбудӣ надорад доғҳои синаам, Зардруйӣ мекашам аз гулситони хештан. Ҳар киро бинам ба олам, хешро гум кардааст, Аз кӣ меҷӯяд касе дигар нишони хештан? Чуғзро вайронаҳо бошад ҳисори офият, Кулбаи худ кардаам доруламони хештан. Чун кафи дасти гадо дастурхони ман тиҳист, Мекашам шармандагӣ аз меҳмонӣ хештан. Шиква аз хони фалак, ай лола, пеши ман макун, Мехурам ман ҳам ба хун тар карда нони хештан. Мағзи худро сухтам аз бечарогӣ ҳамчу шамъ, Даст акнун мондаам бар устухони хештан. Мешавад а
#Ҳаким_Саноии_Ғазнавӣ
Шоҳро хоҳӣ, ки бинӣ, хок шав даргоҳро,
З-обрўй обе бизан даргоҳи шоҳаншоҳро.
Наъл кун, чун чатр дидӣ ту кулоҳи чархро,
Чок зан, чун рўи ў дидӣ қабои моҳро.
Чун кулаҳ бар сар нишин риндони афсарҷўйро,
Чун хирад дар ҷон нишон риндони лашкаргоҳро.
Аз барои ғарри дидори Сиёвахшию Шиш
Ҳамчу Бежан банд кун дар чоҳи хори ҷонро.
Офиятро сар бизан, баҳри камоли ишқро,
Оқибатҳо дам бизан баҳри ҷамоли роҳро.
Ҳам ба чашми шоҳ рўи шоҳ хоҳӣ диду бас,
Дида андар кори шаҳ кун кўрии бадхоҳро.
Аз сари озодмардӣ теғе аз ғайрат бирон,
Ҳам шафоатҷўйро куш, ҳам шафоатхоҳро.
Дарди ишқ аз марди ошиқ пурс, аз оқил мапурс,
К-огаҳӣ набвад зи обу чоҳи Юсуф чоҳро.
Ақл бо фанд аст,
#Ҳаким_Саноӣ Эй хоҷа, чӣ тафсил бувад ҷонвареро, К-ў ҳеч беҳ аз худ нашиносад дигареро. Гар беҳ зи худат ҳеҷ беҳеро ту набинӣ, Пас, чун ки надонӣ батар аз худ батареро? Бас ғофилӣ аз мазҳаби риндони харобот, Ин ғайб тамом аст чу туи хирасареро. Ҳар гаҳ, ки маро гўӣ, к-андар ҳама офоқ Маҳрумтар аз ту нашиносам башареро. Маҳрумтарам аз туву ин шева надонӣ, З-ин беш басират набувад бебасареро. Ман суғбаи тасбеҳу намози ту наям ҳеҷ, Ин фазл ҳамегўӣ, эй хоҷа, дареро. Инкору қабули ту маро ҳар ду яке шуд, Беҳуда ҳамегўӣ з-ин саъбтареро. Фармони ту бурдан на фаризаст, пас, охир Мунқод зи баҳри чӣ шавам чун ту хареро? Чун талъати хуршед аён гашт ба саҳро, Он ҷо чӣ бақо монад нури қ
#Иқболи_Лоҳурӣ Фиреби кашмакаши ақл диданӣ дорад, Ки мири қофилаву завқи раҳзанӣ дорад. Нишони роҳ зи ақли ҳазорҳила мапурс, Биё, ки ишқ камоле зи якфанӣ дорад. Фаранг гарчи сухан бо ситора мегўяд, Ҳазар, ки шеваи ў ранги ҷавзанӣ дорад. Зи маргу зист чӣ пурсӣ дар ин работи куҳан, Ки зист коҳиши ҷон, марг ҷонканӣ дорад. Сари мазори шаҳидон яке инон даркаш, Ки безабонии мо ҳарфи гуфтанӣ дорад. Дигар ба дашти Араб хайма зан, ки базми Аҷам Майи гузаштаву ҷоми шикастанӣ дорад. На шайхи шаҳр, на шоъир, на хирқапўш Иқбол, Фақири роҳнишин асту дил ғанӣ дорад.
#Абӯсаъиди_Абулхайр #СУФИЁНА Бе шак алиф аст Аҳад, аз ў ҷўй мадад, В-аз шахси Аҳад ба зоҳир омад Аҳмад. Дар арз Муҳаммад шуду маҳмуд омад Аз қолаллоҳ қул ҳуваллоҳу аҳад. *** Эзид, ки ҷаҳон ба қабзаи қудрати ўст, Додаст туро ду чиз, к-он ҳар ду накўст: Ҳам сирати он, ки дўст дорӣ касро, Ҳам сурати он, ки кас туро дорад дўст. *** Дунё ба масал чу кўзаи заррин аст, Гаҳ об дар ў талху гаҳе ширин аст. Ту ғарра машав, ки умри ман чандин аст, К-ин аспи аҷал мудом зери зин аст. *** Гуфтори накў дораму кирдорам нест, Аз гуфти накўи беамал орам нест. Душвор бувад кардану гуфтан осон, Осон бисёру ҳеч душворам
Показать ещё