Муборизаи режими Раҳмон бо хату фарҳанги ниёгон бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ Режими зидди динии Эмомалӣ Раҳмон бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ, бо хату фарҳанги ниёгонамон, бо саводнок шудани мардум ва бо ҷавонони ғайратманду шуҷои Тоҷикистон бархостааст. Режими Раҳмон, ки режими комилан зидди динӣ ва Исломситез аст, ба баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ вуруди китобҳои динӣ ба хусус китобҳои форсиро мамнуъ эълом кард. Манъ кардани вуруди китоб як масъала аст, ки бесаводсозии ҷомеаро дар пай дорад, мамнуъ будани китоби форсӣ масъалаи дигаре аст, ки мубориза бо хат ва фарҳанги ниёгонро дар пай дорад, ки худ баёнгари он аст, ки режими ҳоким на дар фикри саводноксозии ҷомеа аст ва на дар
Фақру камбағалӣ саросари Тоҷикистонро фаро гирифтааст
Афсонаи барномаи стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030
Режими Раҳмон дар фикри нобудии насли тоҷик, бо пули Ҷопон аз ҳомиладорӣ ҷилавгирӣ мекунад
Мансабдорони Тоҷикистон моликияти хусусии соҳибкоронро аз они худ мекунанд Департаменти давлатии Амрико доир ба вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон навиштааст, ки шахсони мансабдор дар Тоҷикистон барои ба даст овардани моликияти соҳибкорон ва ширкатҳои алоҳида аз мақомоти танзимгар истифода карданд.Департаменти давлатии Амрико доир ба вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гузорише пахш кардааст, ки ҳамаи гуфтаҳояшонро аз сари худ гузарондаанд ва бо чашмони худ рафтору кирдору гуфтори мансабдорони Тоҷикистонро ламс кардаанд. Амрико чандин ширкатҳои бузурге дар Тоҷикистон дорад, ки хоҳ нохоҳ бо мансабдорони Тоҷикистон барои гирифтани муҷаввиз, андоз, музокира дар бораи кор ва ғайра бо мансабдорони
ИМА: Мансабдорони Тоҷикистон тамаъҷӯ ва ришватхоранд Ширкатҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон ба ҳангоми сармоягузорӣ ва гирифтани муҷаввиз ба тамаҷӯӣ ва ришватхории мансабдорон рӯ ба рӯ шудаанд.Департаменти давлатии Амрико доир ба вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гузорише нашр кардааст, ки дар он аз мансабдорони Тоҷикистон интиқоди шадид карда, фошкорӣ намудааст, ки мансабдорони Тоҷикистон тамаъҷӯ ва ришватхоранд. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ширкатҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон ба ҳангоми сармоягузорӣ ва гирифтани муҷаввиз ба тамаъҷӯӣ ва ришватхории мансабдорон рӯ ба рӯ шудаанд. ИМА мансабдорони Тоҷикистонро хашин дониста, муносибаташон бо сармоягузор ва дигар шаҳрвандонро муҷримона хондаанд. Ин г
Ҷавонмардию дилсӯзии Ширнибек Бозоров ва дустонаш, шояд ибрати Э. Раҳмон гардад Худо сафи ин тавр ҷавонмардҳоро зиёд гардонад, то чашмони кӯри Эмомалӣ Раҳмонро бино кунанду ӯ ин тавр ҷавонҳоро дида, аз онҳо дарси мардонагию ватанпарастию дилсӯзию ҷавонмардӣ ва ободонӣ ёд гирад.Се ҷавон аз ноҳияи Фархор орзуи кӯдакии худро амалӣ ва кӯчаи назди манзилҳои падариашонро чароғон карданд. Баъди 20 соли торикии мутлақ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Фархор, се ҷавон аз ҳисоби даромадашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия дар зодгоҳи худ чароғ насб карданду роҳи мардуми ноҳия ба тарафи масҷидро, ки бо фонусҳо дар даст ба ибодат мерафтанд, чароғонӣ ва равшан гардонданд, ки дуои хайри мардум ва намоз
Ҷангу ҷидол ва набарди сиёсии шаҳрдори феълии Душанбе бо шаҳрдори қаблӣ Бар асоси ду қароре, ки рӯзи 28 март дар вебсайти расмии шаҳрдорӣ нашр шуд, номи меҳмонхонаи "Пойтахт" ва телевизиони "Пойтахт" ба "Душанбе" табдил дода шудаанд. Ҷангу дандоннишондеҳии М. Убайдуллоев ва Рустами ЭмомалӣРустами Эмомалӣ аз вақте ки шаҳрдори Душанбе шуд, ҳамеша коре кард, ки бо Маҳмадсаид Убайдуллоев мухолифате дошта бошад ва қарорҳои ӯро аз байн бурда, қарори худро дар шаҳр ҳоким гардонад. Ин ҷидоле аст, ки байни ду шахси бонуфуз ва қудратманд, ки солиёни дароз бар мардум ҷафо карданду хун рехтанд то бар қудрат бимонанд, аммо рӯзгор чархи гардун асту на ҳамеша бар вифқи мурод аст. Маҳмадсаид Убайдуллоев му
На барқ, на об, на кор, на зиндагӣ- «баракати сояи Эмомалӣ Раҳмон бар сари тоҷикистониён»! Эмомалӣ Раҳмон, шахсиятест, ки борҳову борҳо дар бораи худ ва “сояи худаш” бар сари миллати Тоҷикистон суханрониҳо карда, бар сари мардуми Тоҷикистон миннатҳо гузошта аст, ки гӯё агар сояи ман бар сари ин мардум набошад, миллат нобуд мешавад. Аммо.... Аммо ҳамаи мо медонем, ки ин сухани газофу лофу пуч аст ва аз сари майнӯшию арақнӯшӣ сарчашма мегирад, вагарна одами оқил дар бораи худаш ин тавр гап намезанду худро намеситояд. Он чизе ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Мо худамон медонем, ки сояи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро нобуд карда аст ва агар Эмомалӣ Раҳмон набошад зиндагии мардум беҳтару ободтар
  • Класс
Показать ещё