Эмомалӣ Раҳмон, шахсиятест, ки борҳову борҳо дар бораи худ ва
“сояи худаш” бар сари миллати Тоҷикистон суханрониҳо карда, бар сари мардуми Тоҷикистон миннатҳо гузошта аст, ки гӯё агар сояи ман бар сари ин мардум набошад, миллат нобуд мешавад. Аммо....
Аммо ҳамаи мо медонем, ки ин сухани газофу лофу пуч аст
ва аз сари майнӯшию арақнӯшӣ сарчашма мегирад, вагарна одами оқил дар бораи худаш ин тавр гап намезанду худро намеситояд. Он чизе ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Мо худамон медонем, ки сояи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро нобуд карда аст ва агар Эмомалӣ Раҳмон набошад зиндагии мардум беҳтару ободтар мешавад.
Мардум дар ин фасли сармо натанҳо аз набуд барқ ранҷ мебаранд, балки об низ надоранд ва ин дар ҳоле аст, ки қасри Эмомалӣ Раҳмон як
сония ҳам бе барқу беоб нест. Раисиҷумҳуре ки худаш дар гармову неъмат ғарқ бошад, аз куҷо дар фикри мардуми бебарқу беоб мезанад?
Бале! Сояи Эмомалӣ Раҳмон фақат оилаи худашро наҷот медиҳад, ки дар зимистони сарди бебарқу беоби Тоҷикистон, хонааш чароғону обу
неъмати оилааш фаровон аст, аммо халқи бечора аз набуди барқу обу гармову сӯзишворӣ, ки дар асари белаёқатии Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазъ расидаанд, ранҷу азоби дузахиро мечашанд, дар ҳоле ки Эмомалӣ
Раҳмон дар биҳишти барин (қасри чароғону гарм ва неъматҳои фаровони айшу нӯшу кайфо сафо) ба сар мебарад.
Озодӣ дар сайти худ оварда аст: Бо сард шудани ҳаво ва боришоти зиёди барф дар аксар шаҳру навоҳии кишвар интиқоли нерӯи барқ қатъ
шуда, сокинон мегӯянд, аз беобӣ низ азият мекашанд. Бархе аз сокинони ноҳияи Рӯдакӣ низ аз бебарқиву беобӣ шиква карда ва гуфтанд, ки як ҳафта аз норасоии оби нӯшокӣ, оби барфу боронро истеъмол кардаанд. Ва ин дар ҳоле аст, ки пули ҳукумат пули обро мегирад, аммо аз худи об хабаре нест.
Наргис, -- як сокини 39-солаи маҳаллаи 5-уми ноҳияи Рӯдакӣ зимни сӯҳбат ба “Радиои Озодӣ” гуфт, яку ним моҳ инҷониб аз норасоии об
танқисӣ мекашанд ва ҳар гоҳе ба масъулин шикоят кунанд, онҳо кафидани қубурҳоро баҳона мекардаанд. Ба гуфтаи ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ, кормандони идораи обтаъминкунии ноҳия ҳамеша барои гирифтани пули об меоянд, вале вақте мардум аз беобӣ шиква кунанд, баҳона пеш меовардаанд: “Умуман об надорем, вақте ба масъулин
шикоят кунем “лӯлаҳо” кафидагӣ аст, барқ нест, матор сӯхтагӣ аст” гуфта баҳона мекунанд. Лекин ҳаррӯз барои пули об меоянд. Мегӯянд, “пули обро деҳ, пули барқро деҳ”. Вале на об ҳасту на барқ”,-афзуд Наргис.
“Аз маҷбӯрӣ оби лой хӯрдем”
Озодӣ ба матлаби худ идома дода меоварад: Донёр Тағоев, сокини дигари ноҳияи Рӯдакӣ низ аз набудани оби нӯшокӣ шикоят кардаву гуфт, як ҳафта дар маҳаллашон об набудааст ва сокинон аз маҷбурӣ оби лойи ҷӯйборро истеъмол кардаанд: “Як ҳафта як қатра обро ҳам надидем. Ва дар як ҳафтаи об набудан, мардум мерафтанду аз ҷӯйборе, ки лойоб асту дар он партов партофтаанд, об гирифтаву истифода мебурданд. Мехоҳем шикоят кунем, баъзеҳо мегӯянд, ки
шикоят кунӣ, аз ин рӯзат ҳам мемонӣ. Ва мардум аз шикоят кардан метарсанд”, - афзуд, ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ.
Ба гуфтаи Тағоев, мушкилии норасоии об дар маҳаллаашон танҳо бо расидани зимистон сар назада, ҳанӯз дар фасли гармо низ аз набудани об танқисӣ мекашидаанд ва дар моҳи Рамазон як моҳ беоб буданд (Озодӣ).
Ин аст «сояи Эмомалӣ Раҳмон бар сари миллат», ки на об, на барқ, на кор ва на зиндагӣ!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3