Раҳмон гардад
Худо сафи ин тавр ҷавонмардҳоро зиёд гардонад, то чашмони кӯри Эмомалӣ Раҳмонро бино кунанду ӯ ин тавр ҷавонҳоро дида, аз онҳо дарси мардонагию ватанпарастию дилсӯзию ҷавонмардӣ ва ободонӣ ёд гирад.Се ҷавон аз ноҳияи Фархор орзуи кӯдакии худро амалӣ ва кӯчаи назди манзилҳои падариашонро чароғон карданд. Баъди 20 соли торикии мутлақ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Фархор, се ҷавон аз ҳисоби даромадашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия дар зодгоҳи худ чароғ насб карданду роҳи мардуми ноҳия ба тарафи масҷидро, ки бо фонусҳо дар даст ба ибодат мерафтанд, чароғонӣ ва равшан гардонданд, ки дуои хайри мардум ва намозгузорони ин кӯча бадрақаи онҳо хоҳад буд ва то вақте ки зинда ҳастанд қаҳрамонанду маҳбуби мардум.
Ин се ҷавон, ко бо кори сахту пурмашаққат дар Русия дар қатори дигар муҳоҷирони меҳнатӣ кор карда, тамоми симу ниёзҳои чароғонӣ кардани кӯчаро бо пули худ аз Русия харида оварда, кӯчаашонро чароғборон карданд. Ҳукумат низ як дираме ба онҳо кӯмак накардааст. Ҳукумате ки бо омадани пои наҳси раисаш 25 сол инҷониб деҳаро дар торикии мутлақ фурӯ бурд ва то ба имрӯз ҳатто як бор ҳам аз дарду ранҷи мардуми ин диёр нахост бишунавад. Аммо се ҷавонон қаҳрамонӣ карданду дуои хайри мардуми деҳро ҳамроҳи ҳамешагии худ сохтанд. Ин тавр ҷавонҳо, ки сабаби ободии деҳу кӯчаю маҳаллаи худ шудаанд, кам нестанд, аммо аҳаде онҳоро -аз тарси Эмомалӣ Раҳмони тамаъҷӯйи ҳариси худхоҳ, ки тоби шунидани қаҳрамонии як ҷавонро надорад- ба ҷомеа муаррифӣ накардааст.
Агар ин тавр шахсҳо бар сари қудрат оянд, яқинан Тоҷикистонро ба гулистон табдил карда, пешрафту ободӣ ва зиндагии муносибе барои аҳолии он ба армағон меоваранд. Ҷавонмардию дилсӯзии ин тавр афрод сазовори он аст, ки ибрати Эмомалӣ Раҳмон гардад ва аз онҳо дарси ҷавонмардию ватанпарастиро ёд гирад. Ин тавр деҳаҳо бо сарфи маблағи тақрибан 100 ҳазор доллар аз мушкили торикию бебарқӣ раҳо мешаванд ва сарф кардани 100 ҳазор доллар барои Эмомалӣ Раҳмон пули ночизе аст, аммо ҳаргиз ин корро нахоҳад кард; чароки ҳарису гурусначашм аст ва намехоҳад як дираме барои мардум сарф кунад, балки бояд аз мардум он як дирамро биситонад.
Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ,се ҷавон аз ноҳияи Фархор орзуи кӯдакии худро амалӣ ва кӯчаи назди манзилҳои падариашонро чароғон карданд. Баъди 20 соли торикии мутлақ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Фархор, се ҷавон аз ҳисоби даромадашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия дар зодгоҳи худ чароғ насб карданд. Онҳо мегӯянд, тамоми солҳои кӯдакиашон ёд доранд, ки кӯчаи Турсунзода торик буд ва онҳое, ки шабона бо кадом зарурате берун мерафтанд, маҷбур буданд дар даст фонус бигиранд. Ин минтақа дар наздикии марзи Афғонистон воқеъ буда, дар ҳамин кӯчаи Турсунзода масҷиди панҷвақтаи ноҳия ва дидбонгоҳи сарҳадии рақами 3 ҷойгир аст. Яке аз ин ҷавонҳо - Ширинбек Бозоров аст.
Худо сафи ин тавр ҷавонмардҳоро зиёд гардонад, то чашмони кӯри Эмомалӣ Раҳмонро бино кунанду ӯ ин тавр ҷавонҳоро дида, аз онҳо дарси мардонагию ватанпарастию дилсӯзию ҷавонмардӣ ва ободонӣ ёд гирад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев