Ширкатҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон ба ҳангоми сармоягузорӣ ва гирифтани муҷаввиз ба тамаҷӯӣ ва ришватхории мансабдорон рӯ ба рӯ шудаанд.Департаменти давлатии Амрико доир ба вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гузорише нашр кардааст, ки дар он аз мансабдорони Тоҷикистон интиқоди шадид карда, фошкорӣ намудааст, ки мансабдорони Тоҷикистон тамаъҷӯ ва ришватхоранд. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ширкатҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон ба ҳангоми сармоягузорӣ ва гирифтани муҷаввиз ба тамаъҷӯӣ ва ришватхории мансабдорон рӯ ба рӯ шудаанд. ИМА мансабдорони Тоҷикистонро хашин дониста, муносибаташон бо сармоягузор ва дигар шаҳрвандонро муҷримона хондаанд. Ин гузориш ҳама паҳлӯҳои иқтисоди Тоҷикистонро ба интиқоди шадид кашида, моликияти хусусиро зери хатар қарор доштан қаламдод кардааст. Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки аз ин қабл даҳҳо ширкати хурду бузург дар Тоҷикистон ба як дипломати баландпояи аврупоӣ шикоят кардаанд, ки аз тафтишҳои пайваста ва молиёти зиёд безор шудаанд ва баъзеашон дар Тоҷикистон мондан намехоҳанд.
Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, Ширкатҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон ба ҳангоми сармоягузорӣ ва гирифтани муҷаввиз ба тамаҷӯӣ ва ришватхории мансабдорон рӯ ба рӯ шудаанд.
Аммо аксулъамали масъулони Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи маволи давлатӣ ва корхонаи “Тоҷинвест”-- ниҳоди тобеи ин кумита ва масъули ҷалби сармояҳо ба Тоҷикистон бо вуҷуди ошно шудан ба муҳтавои ин гузориш, аз ибрози назар дар ин робита худдорӣ варзиданд, ки ин худдорӣ аз ибрози назар худ далеле аст, бар таъйиди гузориши ИМА оид ба тамаъҷӯӣ ва ришватхории мансабдорони Тоҷикистон.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев