Эй, Аллох, аз ту мадад металабем ва аз ту магфират мехохем ва бар ту эътимод (боварй) мекунем ва туро ситоиш мекунем. Ба зикри хайр аз ту сипосгузорй мекунем ва туро ношукрй намекунем ва касеро, ки нофармони туст рахо мекунем ва аз у алохида мешавем. Эй Аллох, хос туро ибодат мекунем ва барои ту намоз мегузорем ва сачда мекунем ва ба суи ту меравем ва анчоми хидмат менаммоем ва умедвори рахмати туем ва аз азоби ту метарсем, хамоно азоби ту ба куффор хохад расид.