Дарди сар аломати бемориҳои мухталиф аст ва метавонад сабабҳои гуногуне дошта бошад. Масалан, мигрен яке аз онҳост.
Мигрен фақат як сардарди сода нест, балки як бемории решадор аст, ки ҳамаи аъзои бадан (аз фарқи сар то нӯги по)-ро бо наҳве таҳти таъсир қарор медиҳад. Мигрен аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба феҳристи 19 беморие изофа карда шудааст, ки оромиш ва созгории иҷтимоъии беморонро ба ҳам мезананд ва метавонанд яке аз омилҳои сактаи мағзӣ бошанд.
Мигрен як бемории чандҷониба аст ва чандин мутахассис (монанди, пизишки гӯшу гулӯву бинӣ, чашмпизишк ё офталмолог, ортопед, гинеколог, асабшинос, дармонгар ё терапевт ва ғайраҳо) бо он сару кор мегиранд. Яке аз аломатҳои асосии он дарди