Модар!!! Ту он чашмаи ҷўшони ҳаёти, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардони. Ту он моҳи дурахшони, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираи моро равшан месози… Офтоб аз лабханди Ту тулўъ мекунад ва баҳор бо гулҳои рангинаш дар домони поки Ту мешукуфад… Абр аз шавқи Ту меборад ва дарё бо ишқи Ту мавҷ мезанад... Зиндаги аз Ту оғоз мешавад, яъне сароғози «будан» ин садои гарму гиромии Туст ва дунё аз бўи муқаддаси Ту атрогин аст... Хок бар хеш меболад, ки сар ба қудуми Ту ниҳода ва бод аз он менозад, ки паёми муҳаббати Туро ба дуриҳои дур бурда... Модар!!! Худованд ба Ту отифае каромат карда, ки бо ҳеч қиммате наметавон онро санҷид. Агар ман борҳо зинда шавам ва умрҳо хокрўби остони Ту бошам, боз