Чавоне аз як хонаводаи сарватманд дар чойе зиндаги мекард, ки ҳамаи васоили зиндаги барояш фароҳам буд ва бе ҳеч тарсе даст ба гуноҳ ва бадахлоқи мезад. Аз корҳои худ хушҳол ва сархуш буд ва бо онҳо ифтихор мекард. Аз дунё чизе намефаҳмид, ба чуз корҳое, ки Худояшро ба ғазаб меоварданд. Аммо дар ҳамсоягии он чавон, чавони дигаре мезист, ки ба чуз ибодат ва даъват ба корҳои хайр чизи дигареро намедонист. Бо марҳамати Худованд ин ду чавон бо ҳам ошно шуданд. Ҳар кадом ба фикри ин буд, ки рафиқашро ба роҳи худ даъват кунад. Обид ҳамеша аз неъматҳо ва раҳмати Илоҳи сухан мегуфт ва гунаҳкор аз дискатекаву боғҳои ишрати худ(чун зиёди чавонони имруза) ҳарф мезад. То он ки дар яке аз рузҳо ин дустон