Хабибуллох Исмоилов
ЧАРО ТОҶИКОН ПЕШ НАМЕРАВАНД?!?
Тоҷикон пеш намераванд, аз он сабабе, ки тарсончак, бахил ва дарунпӯсидаанд. Мо худро тоҷик ва мусулмон ҳисоб мекунем, аммо дар амал на тоҷик ҳастему на мусулмон. Аз мо ҳатто бӯйи одамӣ намеояд, ҳайвон бо ҳайвониаш аз мо мегурезад. Мо қолабан одамем, дар амал бадтар аз шайтон. Ҳама кори бадро иҷро карда, боз ҳамаи айбро ба гардани шайтон бор мекунем. Одам як тараф истад, сагу гурба, ҳатто ҳайвонҳои ваҳшӣ аз мо мегурезанд, мо ҳатто аз ҳайвонҳои ваҳшӣ ваҳшитарем. Мо худро идора карда наметавонем ва бештари вақт худро нашинохта, мурда меравем. Айни замон одам аз ҳайвон қариб фарқе надорад, Ҳайвон бо ҳайвониаш нангу номус дорад. Агар ба мокиён