Трейлери тарҷумашудаи филми «Мулан» аллакай дар шабакаи YouTube-«Disney Россия» нашр гардидааст. Пас аз он ки кучманчиҳо ба Чин ҳуҷум карданд, қаҳрамони асосӣ тасмим гирифт, ки падари худро аз марги ногузир наҷот диҳад. Ба ӯ лозим меояд, ки аз тамрин гузарад ва ҷанговари воқеӣ шавад. Мулан бо душмани асосӣ рӯ ба рӯ мешавад, аммо ҷасорат ва эътимоди худро гум намекунад.
— Бо либоси мардона, ки шахсият ва ҷинси ӯро пинҳон намудааст, духтар дар ҳар қадар бо мушкилиҳо дучор мешавад ва бо сарбаландӣ ҳамаи онро паси сар карда метавонад — нақл мекунад навор. — Мулан саёҳати бадеиро интизор аст. Ин сайёҳат ӯро ба ҷанговари ҷасур табдил медиҳад, эҳтироми мардуми шукргузорро ба даст орад ва ифтихори падараш мегардад.
Дар филм Лю Ифэй, Донни Йен, Ҷет Ли, Гун Ли ва дигар ҳунармандон иштирок ва ҳунарнамоӣ намудаанд. Коргардони филм – Ники Каро мебошад. Намоиши филм дар Россия 26 марти соли 2020 баргузор мегардад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев