Зиёда аз 14 нафар дар консерти Backstreet Boys зарар диданд, ки 18-уми августи соли 2018 дар Такервиллии штати Оклахома баргузор гардида буд. Чи тавре, ки CBS хабар медиҳад, дар майдони WinStar World Casino and Resort ба болои тамошобинон, ки саршавии шоуро интизор буданд, як қисми конструксияи металлӣ афтид. Сабабгори ин ҳавои бад буд - шамоли сахт ва борон. Консертро бекор карданд, тамошобинонро тахлия карданд. Дар худи ҳамон ҷо ба зарардидагон ёрии таъҷилӣ расонида шуд, сипас ба беморхонаи наздиктарин расонида шуданд. Хушбахтона, ҳеҷ кас зарари ҷиддӣ надид.
-Мо ҳеҷ вақт намехостем, ки мухлисони мо зарар бинанд, вобаста ба ҳаво қарор кардем шоуро бекор кунем. Кӯшиш мекунем, ба дигар вақт гузаронем, - гуфта мешавад дар изҳороти расмии мусиқичиён. Муҳим он аст, ки Шумо зарар набинед.
Сарчашма: http://www.intermedia.ru/news/326306 #boomnewstj
#мусиқӣ
#boomtj
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев