Валерий Меладзе ба Вазорати адлияи Гурҷистон бо хоҳиши ба вай пешкаш намудани шаҳрвандӣ муроҷиат кард. Бар замми ин, тибқи маълумоти сарчашмаҳои ТАСС, сухан дар бораи ба ҳунарманд пешниҳод намудани шаҳрвандии Гурҷистон бо нигоҳдории шаҳрвандии Русия меравад.
Бино ба иттилои оҷонсии GHN, дар ҳоли ҳозир сароянда дар Батуми, ки рӯзҳои 18 ва 19-уми августи соли 2018 дар он ҷо дар консерти ба ифтихори сароянда ва ҳунарманд Вахтанга Кикабидзе бахшидашуда ҳунарнамоӣ намуда буд, қарор дорад.
Санаи 15-уми август дар Гурҷистон тағйироти ба қонунгузорӣ воридшуда эътибор пайдо намуд, ки тибқи он сокинони кишвар метавонанд, бо хоҳиши барқарор намудани шаҳрвандии Гурҷистон, ки баъди гирифтани шаҳрвандии дигар мамлакат беэътибор дониста шудааст, ба ҳукумат муроҷиат намоянд. Барои ин онҳоро зарур аст, то ба Хадамоти рушди хизматрасонии давлатӣ, ки дар назди Вазорати адлия фаъолият менамояд, то охири соли 2020 муроҷиат намоянд. Хоҳишманди барқарор намудани шаҳрвандӣ бояд ба якчанд меъёрҳо мутобиқат намояд, аз ҷумла дар чорчӯбаи стандартҳои муқарраргардида забони гурҷиро донад, инчунин вай набояд дар ҷустуҷӯ ё аз мамлакат бадарға шуда бошад. Илова бар ин дорандагони шаҳрвандии Гурҷистонро ҳангоми дарёфти шаҳрвандии дигар кишвар аз шаҳрвандии мамлакат маҳрум наменамоянд.
Ёдрас мешавем, Валерий Меладзе дар Батуми ба дунё омада, сипас ба Николаев (Украина) кӯчидааст. Айни замон дар шаҳри Москва истиқомат мекунад.
Сарчашма: http://www.intermedia.ru/news/326346 #boomnewstj
#шоубизнес
#boomtj
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев