Ҷараёни хизматрасонии Netflix даҳҳо миллион долларро барои талғили лоиҳаҳои синамоии худ, ки барои ҷоизаи Киноакадемияи Амрикоӣ пешниҳод шудаанд, харҷ намудааст. Мувофиқи маълумотҳои нашрияи NY Times хароҷотҳо метавонад аз 70 миллион доллар ҳам зиёдтарро ташкил диҳад.
Аммо, бисёре аз коршиносон мегӯянд эҳтимолд ин ҳама саъйю талоши онҳо беҳуда бошад, зеро лоиҳаи гаронбаҳои ширкат - драмаи криминалии "Ирландец", ки аз ҷониби Мартин Скорсезе сабт шудааст, метавонад бе ин ҳам зинаи намоёнро ишғол намояд. Филми мазкур яке аз пешсафони дар номинатсияҳои гуногуни Оскар 2020 ба ҳисоб меравад (дар даҳ номитсияи ҷоиза зикр шудааст), аммо дар ниҳоят он метавонад танҳо чанд ҷоиза ба даст орад ва эҳтимолан он низ метавонад категорияҳои асосӣ набошад. Ёдовар мешавем, ки дар маҷмӯъ лоиҳаҳои филмҳои Netflix имконият доранд, барои 24 ҷоизаи Академия рақобат баранд. Ин аз имкониятҳои хуби он ҳама дигар студияҳои Голливуд зиёдтар аст.
Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупории Оскар 2020 шаби 9 то 9 феврал баргузор мешавад. Он боз бе ровӣ мегузарад, тавре ки як сол пеш рух дода буд. Номзадҳо ва ғолибони чорабинӣ аз ҷониби ситораҳои даъватшудаи Голливуд эълон ва қадрдонӣ карда мешаванд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1