Пас аз дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои омодагӣ ва тамрин намудан, думоҳа ба Туркия меравад.
Дар ҷамъомаде, ки аз 9 то 23 феврали соли ҷорӣ дар Анталия баргузор мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев чор бозии санҷишӣ баргузор мекунад. Санаи 12 феврал дастаи ҷавонони мо бо дастаи ҳамсолони худ аз Гурҷистон бозӣ хоҳад кард. Рақибони боқимонда айни замон гуфтушунид карда мешаванд ва номгӯи онеҳо дертар эълон хоҳанд шуд.
Бояд хотиррасон шуд, ки омӯзиши тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои тайёри динани мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба чемпионати Осиё-2020 мебошад, ки аз 14 октябр то 31 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2