коре ки ман тайи сиҳ сол дар анҷоми он талош кардам муввафақ нашудам! Ашк дар чашмонаш ҷамъ шуд. Арӯс ҷавоб дод: Модар достони санг ва ганҷро шунидаед? Мегӯянд санги бузурге роҳи мардумро маҳкам карда буд, марде тасмим грифт онро бишканад ва аз сари роҳ бардорад, бо путки вазнин бар санг 99 зарба кубид, ва хаста шуд. Марде аз роҳ расид ва гуфт: Ту хаста шудаи, бигузор ман кумак кунам...
Марди дуввум танҳо 100-ум зарбаро ворид кард сангӣ бузург шикаст, аммо ногаҳон чизе ки интизорашро надоштанд таваҷҷӯҳи ҳар дуро ҷалб кард. Тиллои зиёде зери санг буд! Марди дуввум ки фақат як зарба зада буд гуфт: Ман пайдош кардам кори ман буд, пас моли ман аст! Мард гуфт: Чӣ мегӯйи ман 99-ум зарба задам дигар чизе намонда буд ки ту омади! Зиёд баҳс кардан ва билоахира даъвояшонро назди қози бурданд ва моҷароро барои қози таъриф карданд. Марди аввал гуфт: Бояд миқдоре аз тиллоро ба бидиҳад, зеро ки ман 99-ум зарба задам сипас хаста шудам. Дуввумин гуфт: Ҳамаи тилло моли ман аст, худам зарба зада сангро шикастам.
Қози гуфт: 99% тилло аз они марди аввал аст, ту ки як зарба зади 1% он аз они туст. Агар 99-ум зарба зада намешуд, зарбаи 100-ум наметавонист ба танҳои сангро бишканад.
Шумо модариҷон 30 сол дар гӯши фарзанд хондед ки намоз бихонад бидуни хастагӣ. Акнун ман фақат зарбаи охарро задам! Чӣ арӯсӣ хуш забон ва хуб, ки нагузошт модар дар худ бишканад ва ҳақро комил ба соҳиби ҳақ дод. Нагуфт: Бале модар ман чунину чунонам, ту тавонисти ман тавонистам, ин гуна модар низ хушҳол шуд, ки талошаш бесамар набубда аст.
Ахлоқи асли ва зебо аз инсони асли ва бо ахлоқ сарчашма мегирад. Бисёр фикр ва мулоҳизаҳо мавҷуданд, касоне ки талоши дигаронро ҳаққи худ медонанд кам нестанд аммо Худованд аз онҳо савол хоҳад кард.
❣Пайғамбари акрам ﷺ фармуданд: "Комилтарин муъминон аз назари имон касе аст ки ахлоқаш некутар бошад зебогии дӯсти ва муҳаббатро пойдор мекунад "
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1