Бишнав аз Ҳақ чун ҳикоят мекунад,
Покбозонро ҳидоят мекунад.
Гуяд аввал ман шуморо сухтам,
Роҳу расми ошиқӣ омухтам.
То бубинам нақши руи хешро,
Ҷилвагар кардам зуҳури хешро.
Ишқи ман шуд раҳнамотон аз нухуст,
То низоми ошиқӣ омад дуруст.
Дар авал ман доми ишқ андохтам,
То шуморо ошиқӣ худ сохтам.
Гар нахоҳам кай шавад ошиқ касе,
То бувад дар тшқи ман содиқ касе.
То муҳиме нест маҳбубе куҷост,
Ҷозибе гар нест маҷзубе кучост.
То туро ман лоиқи худ ёфтам,
Дар дилат савдои ишқ андохтам.
Ишқ мекунад авал девонаат,
То зи мову ман кунад бегонаат.
То куни дар печу тоби ишқ сабр,
Аз вуҷудат дур созад ёди ғайр.
Ишқ чун дар синаат маво кунад,
Ақлро саргаштаву расво кунад.
Мешави фориғ зи ҳар буду набуд,
Нести дар банди изҳори вуҷуд.
Ишқ роми мардуми авбош нест,
Доми ҳақ саёди хар калош нест.
Дархури мардон бувад ин хони ғайб,
Нест ҳар дил лоиқи ин хони ғайб.
Ишқ кай ҳамгом бошад бо ҳавас,
Пухта кай бо хом гардад ҳамнафас.
Ишқро бо куфру бо имон чи кор,
Ишқро бо дузаху ҷаннат чи кор.
Ишқ созад покбозонро шикор.
Кай биояд суи қавмӣ нобакор.
Зиндадилон мешаванд аз ишқ маст,
Мурдадил кай ишқро орад ба даст.
Ишқро бо нести савдо бувад,
То ту ҳастӣ ишқ кай пайдо бувад.
Ишқ меҷӯяд ҳарифи синачок,
Ку надорад аз фанои хеш бок.
Ишқ дар банд оварад авал туро,
То намонад дар дилат чуну чаро,
Ишқ агар дар сина дори асало,
Пой неҳ дар водии факру фано.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1