Предыдущая публикация
Ману он ҷоми истиғно, ки дар кавсар намеғунҷад,
Ману он бодаи ишқе, ки дар соғар намеғунҷад.
Мадеҳ беҳуда озорам насиҳатгӯ, чӣ медонӣ,
Ки оби дидаи ошиқ ба баҳру бар намеғунҷад.
На аз дунё хасе дорам, на парвои касе дорам,
Диле дорам саросар ғам, ғами дигар намеғунҷад.
Ниҳам дар ҳар нафас доғе аз он бар дасту дил, Махфӣ,
Ки савдои ҷунун дигар маро дар сар намеғунҷад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев