Предыдущая публикация
Он ки аз сояи лутфи ту нишоне ёбад,
Ҳар ки бинад рухи ту пора равоне ёбад.
В-он ки бар хоки сари куи ту манзил созад,
Айши садсола бар он хок замоне ёбад.
Ташнаи васли ту чун роҳи хаёлат сипарад,
Нузули ҳар нафасе мулки ҷаҳоне ёбад.
Лаззати дарди ту ҳар мурдадиле кай донад,
Давлат он ёфт, ки аз дарди ту ҷоне ёбад,
Ҳар ки дар мулки ғамат нест, надорад айше,
Эй хуш он дил. ки дар ин куй маконе ёбад.
Дил гумон бурд, ки бӯе зи ғамат ёфтааст,
Ин на ганҷест, ки ҳар кас ба гумоне ёбад.
Васфи сузи шаби ҳаҷри ту касеро пояд,
Ки ба ҳар мӯе аз ин шева забоне ёбад.
Гар кунӣ бар дили пурдарди Алой назаре,
Аз чафоҳои фалак як раҳ амоне ёбад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев