Предыдущая публикация
Куҷо парвои мо саргаштагон он маҳҷабин дорад,
Ки хуни сад чароғи меҳрро дар остин дорад.
Асар бугзор, то эмин шавӣ аз марги гумномӣ,
Ки аз оина Искандар хисори оҳанин дорад.
Зи ҷамъият умеди бениёзӣ доштам, ғофил,
Ки он ҷо соҳиби хирман назар бар хушачин дорад.
Умеди ҷони ширин доштам аз лаъли серобаш,
Надонистам, ки аз хат заҳр дар зери нигин дорад.
Адолат ин тақозо мекунад, к-аз хирмани қисмат
Наёбад нони ҷав ҳар кас, ки нони гандумин дорад.
Агар ориф сафар аз худ кунад,якбора меёбад,
Ки домони баҳори айшро саҳронишин дорад.
Надидам, то ба хок афтод нури меҳрро, Соиб,
Нашуд равшан, ки чархи бевафо бо меҳр кин дорад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев