Предыдущая публикация
Нагуфтам, руза бисёре напояд,
Риёзат бигзарад, сахтӣ cap ояд?
Пас аз душворӣ осонист ночор,
Валекин одамиро сабр бояд.
Рух аз мо то ба кай пинҳон кунад ид?
Ҳилол, онак, ба абру менамояд.
Саробустон дар ин мавсим чӣ бандӣ?
Дараш бикшой, то дил баркушояд.
Ғуломонро бигу, то уд сузанд,
Канизакро бигу, то мушк сояд,
Ки пиндорам, нигори сарвболо
Дар ин дам таҳният гуён дарояд.
Саворон ҳалқа бирбуданду он шух
Ҳанӯз аз ҳалқаҳо дил мерабояд.
Чу ёр андар ҳадис ояд ба маҷлис,
Муғанниро бигу, то кам сарояд,
Ки шеър андар чунин маҷлис нағунҷад,
Вале, гар гуфтаи Саъдист, шояд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев