*****Қобилаку Мақбулак*****
Ду зебогурбае дорам, азизон,
Ки ҳарду дилфиребу нозанинанд.
Вуҷудамро рабуда меҳри эшон,
Чу ёре бо дилу ҷонам қаринанд.
-----
Якеро Қобилак номаш ниҳодам,
Ба сурат зархату тиллоиранг аст.
Ҳалиму хушадову ҳам накӯфеъл,
Вале дар шакл монанди паланг аст.
-----
Дигар Мақбулаки донову айёр,
Басо хушсурату хубу алояк.
Ба чолокӣ бувад аз ҳарчӣ ҳушёр,
Аз ин рӯ гӯямаш шӯху балояк.
-----
Зи шавқи дидани ин ду ҳунарманд,
Ба ёдам саҳнаҳои сирк ояд.
Якеаш мепарад ин сӯву он сӯ,
Дигар бо лаҳҷаи худ месарояд.
-----
Гаҳе дар авҷи бозӣ масту сархуш,
Гаҳе бо ҳам ба хашму шӯру ҷанганд.
Яке аз дигаре кай паст ояд?!
Ки ҳарду ҳам мисолӣ нарпаланганд.
-----
Азизонам, кунед шояд тааҷҷуб,
***** Тоҷикистон ба пеш! *****
Тоҷи ту бартари ҳар бартару озодаманеш*,
Хоки ту поктар аз ҳар табақу ҷодаву кеш.
Роҳдонон ҳама аз роҳи ту омӯхта равиш,
Пеш рав, пешӣ бароят азалӣ буду ҳамеш,
Тоҷикистон ба пеш!
-
Ба шукӯҳат нагузор камназарон кам бинанд!
Зи ту пояндатару собиту маҳкам бинанд.
Саъй кун дар қадамат як қадаме зам бинанд!
Дили бадхоҳ зи навмедӣ шавад пораву реш!
Тоҷикистон ба пеш!
-
Пеш рав, рӯҳи ниёгони ту то шод шавад!
Ба сари даҳр зи нав халқи ту устод шавад.
Олам аз юмни қадамҳои ту обод шавад,
Сари ангушт газад баҳри ту бегонаву хеш!
Тоҷикистон ба пеш !
-
Сулҳу осудагӣ то хоки туро мустақаранд*,
Ҳама шоҳони ҷаҳон бар шаҳи ту рашк баранд.
Мардуми бошарафат то ба ҳанӯз тоҷвар
М -аҳ бубинад ҳусни рӯзафзои ту,
А -шк резад аз ҳасад дар пои ту.
Л -аъли гулгунат ақиқу анбарин,
О -ҳ чи хуш бошад қади болои ту.
Ҳ - арфҳоят дилнишину дилписанд,
А - з чи бошад, гаштаам шайдои ту.
Т -арсам аз он, ки рабояд оқибат,
Х -отирамро чеҳраи зебои ту.
О -таше бар синаву ҷонам фиканд,
Н -имнигоҳи чашми оташзои ту.
(МУРОДИИ ХАТЛОНӢ)
Чи сон аҳде намудӣ, Модаро, бо Холиқи покат?
Аҷалро чун харидору бақоро* кардӣ муштоқат.
Фаноро тарк бинмудӣ зи майли олами уқбо,
Ба роҳи тоату қалби пур аз имону идрокат.
Вуҷудат ташнаи Зам-зам, ҳамоно бехабар аз марг,
Ба қасди Ҳаҷҷи асғар буд дили болидаву чоқат.
Ҳақиқатро пазируфтӣ, гузаштӣ аз маҷоз охир,
Қаламкаш* то бизад мӯҳре ба рӯи барги авроқат*.
Шумори соли некӯят таги ҳаштоду панҷ омад,
Ва рӯзи Ҷумъа боло шуд равон* аз пайкари покат.
Муродӣ гарчӣ месӯзад зи ранҷи рафтанат, аммо,
Тасаллӣ медиҳад худро, ки Ҷаннат гашта муштоқат.
Намедонам бигирям ё муборакбодиат гӯям,
Чи ояд ҷуз дуойи нек зи дасти ин ҷигарчокат.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 12.02.2023
Бақо*- олами боқӣ, охират.
Равон*- ҷо
**ХУСУСИЯТИ ҲИҶОМА** Туро, эй соҳиби ақлу заковат, Ба кори хоссае созам далолат. Зи дарди худ агар дорӣ шикоят, Ҳиҷомат кун, ҳиҷомат кун, ҳиҷомат! ------ Чу ганҷи суфтаву санҷидаройест, Ба ҳар узви танат некӯ давойест. Ба замми ин бувад аз дину суннат, Ҳиҷомат кун, ҳиҷомат кун, ҳиҷомат! ----- Фишору набзи дилро хуб созад, Ғами садсоларо саркуб созад. Зи нав бахшад вуҷудатро тароват. Ҳиҷомат кун, ҳиҷомат кун, ҳиҷомат! ----- Бурун созад зи ҷисмат хуни бадро, Биронад аз замират деву дадро*. Шавӣ орӣ* зи ҳар навъи хисорат*. Ҳиҷомат кун, ҳиҷомат кун, ҳиҷомат! ----- Шифо бошад барои иллати сар, Ба дарди гурдаву тарбоду* ҷоғар*. Ҳаме бахшад ба нури дида қувват, Ҳиҷомат кун, ҳиҷомат кун, ҳи
ПУЛ ОФАТИ ҶОН АСТ! Гарчанд ҳузури дилу қувват ба миён аст, Пул офати ҷон аст. Гарчи сабаби иззату ҳам шавкату шон аст, Пул офати ҷон аст. - Бар киссаи ту рӯзе агар ғавс дарояд, Рӯзе бубарояд. Мисле, ки ба ҳар ҷодаи гул рӯи хазон аст, Пул офати ҷон аст. - Ҳарҷо, ки равӣ ҳарфи пулу қиссаи доллор, Такрор ба такрор. Ҳар масъалае ояд агар пул ба миён аст, Пул офати ҷон аст. - Ҳам тоҷи сару болу пару ҳамдаму ҳамроз, Афсӯс, ҳаме боз, Осеби дилу дарди сару бори гарон аст, Пул офати ҷон аст. - Имрӯз, ки ҳар қулфи дареро бикушояд, Аз дасти пул ояд. Дар рӯзи ҷазо суду зиёнаш ба гумон аст* Пул офати ҷон аст. - Ҳушёр бишав, токи нагардӣ чу ғуломаш, Уфтода ба домаш. Шукри ками ӯ кун, ки зиёдаш ба зиён а
Бе ишқи ту чун рубоби бе торам ман, Чун булбули уфтода зи гуфторам ман. Бо туст маро саодату бахти баланд, Бе будани ту пасту нагунсорам ман. Бе рӯи гулат умри маро нест баҳор, Бадтар зи баду хортар аз хорам ман. Рӯзи хуши ман сиёҳтар аз мӯи ту бод! Бо ғайри ту гар робитае дорам ман. То ёри манӣ, қисмати шоҳона марост, В-арна чу гадои сари бозорам ман. Шукрона кунам ҳамеша аз Қисматсоз, Дар қисмати худ токи туро дорам ман. Имрӯз, ки мавлуди ту буд, хуш бодо! Бар таҳниятат шеъри таре орам ман. Ҷуз ин набувад Муродиро ҳадяи хуб, З- оне, ки туро ҳамешагӣ ёрам ман. МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 1.04.2022 (Ба муносибати зодрӯзи ҳамсарам)
***** Азизи диламӣ ****** Гарчи бо теғи ҷафо офати ҷону диламӣ, Гарчи дар қасти тану синаи нимбисмиламӣ, Гарчи ҳар лаҳза ба тири нигаҳат қотиламӣ, Боз ҳам ошиқатам, чунки азизи диламӣ. - Гарчи аз роҳи вафо боре нахонӣ ба барат, Гарчи сад бор биронӣ зи худу аз назарат, Гарчи раҳме накунӣ бар мани хунинҷигарат, Боз ҳам ошиқатам, чунки азизи диламӣ. - Гарчи умре бикашам ранҷи раҳи дидорат, Гарчи н-ойи ба сари дидани ин беморат, Гарчи як зарра туро нест ба ишқам корат, Боз ҳам ошиқатам, чунки азизи диламӣ. - Гарчи бо чашми ҳақорат нигарӣ бар сӯям, Гарчи бо теғи надомат бихарошӣ рӯям, Гарчи бар хок кунӣ ҷумла ҳама орзӯям, Боз ҳам ошиқатам, чунки азизи диламӣ. - Гарчи бо заҳри ҷафо талх бисозӣ ҷо
*Зарринрӯд*(Обанбори ш Истаравшан) Аҷоиб манзаре дорад, канори оби Зарринрӯд, Нишони дилбаре дорад, хумори оби Зарринрӯд. Ба тамкин мезанад қалбаш, ба чашми кас чу ором аст, Дили ошиқтаре дорад, қарори оби Зарринрӯд. Ба монанди арӯси сол мусаххар мекунад дилро, Ҷамоли дигаре дорад, баҳори оби Зарринрӯд. Зарандӯзӣ* кунад умре, агарчи махзани об аст, Чи паҳнову баре дорад, канори оби Зарринрӯд. Зи файзаш гашта ҳосилхез, тамоми Истаравшонам, Ба ҳар дилҳо даре дорад, шарори оби Зарринрӯд. Нумӯяш аз дили кӯҳу мусаффо чашмасорон аст, Насими сарсаре дорад виқори оби Зарринрӯд. Ба сӯяш мекашад ҳардам, ҳама фикру хаёламро. Ба қалбам озаре дорад, хумори оби Зарринрӯд. Муродӣ дар ҳавои* ӯ ду -
Показать ещё