Туро, эй соҳиби ақлу заковат,
Ба кори хоссае созам далолат.
Зи дарди худ агар дорӣ шикоят,
Ҳиҷомат кун, ҳиҷомат кун, ҳиҷомат!
------
Чу ганҷи суфтаву санҷидаройест,
Ба ҳар узви танат некӯ давойест.
Ба замми ин бувад аз дину суннат,
Ҳиҷомат кун, ҳиҷомат кун, ҳиҷомат!
-----
Фишору набзи дилро хуб созад,
Ғами садсоларо саркуб созад.
Зи нав бахшад вуҷудатро тароват.
Ҳиҷомат кун, ҳиҷомат кун, ҳиҷомат!
-----
Бурун созад зи ҷисмат хуни бадро,
Биронад аз замират деву дадро*.
Шавӣ орӣ* зи ҳар навъи хисорат*.
Ҳиҷомат кун, ҳиҷомат кун, ҳиҷомат!
-----
Шифо бошад барои иллати сар,
Ба дарди гурдаву тарбоду* ҷоғар*.
Ҳаме бахшад ба нури дида қувват,
Ҳиҷомат кун, ҳиҷомат кун, ҳиҷомат!
-----
Ба занҳо чун маводи ҳайзрон* аст,
Барои иллати мардӣ* тавон аст.
Раҳо ёбӣ зи ҳар ранҷу хиҷолат,
Ҳиҷомат кун, ҳиҷомат кун, ҳиҷомат!
----
Ба ибро* оварад ҳар нуқси танро,
Фасоду ғаждии пӯсти баданро.
Шифо аз Холиқу аз мо далолат,
Ҳиҷомат кун, ҳиҷомат кун, ҳиҷомат!
----
Муродиро накӯ бошад маромаш,
Бихону баҳрае гир аз каломаш.
Ҳама фармудаи тиб асту суннат,
Ҳиҷомат кун, ҳиҷомат кун, ҳиҷомат!
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ ( Июн ,2022 )
Ҳиҷомат* - амали хунгирӣ, ҳиҷома.
Деву дад*- ҷин, он чизе, ки осебу зиён мерасонад.(ҳиҷома ба қавле ҷинро аз бадан мебарорад)
Орӣ*- пок шудан,озод шудан.
Хисорат*- зиёну зарар.
Тарбод*- беморие, ки аз рутубат бештар дар пой ва миён пайдо мешавад, ревматизм.
Ҷоғар*- ғуррии гулӯ, зоб.
Ҳайзрон аст* - яъне моҳонаи занҳоро ба эътидол меорад.
Иллати мардӣ*- прастата, сӯзок ва ғ...
Ибро*- халосӣ ёфтан аз чизе, пок шудан.
-------------------
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 35