Гарчи бо теғи ҷафо офати ҷону диламӣ,
Гарчи дар қасти тану синаи нимбисмиламӣ,
Гарчи ҳар лаҳза ба тири нигаҳат қотиламӣ,
Боз ҳам ошиқатам, чунки азизи диламӣ.
-
Гарчи аз роҳи вафо боре нахонӣ ба барат,
Гарчи сад бор биронӣ зи худу аз назарат,
Гарчи раҳме накунӣ бар мани хунинҷигарат,
Боз ҳам ошиқатам, чунки азизи диламӣ.
-
Гарчи умре бикашам ранҷи раҳи дидорат,
Гарчи н-ойи ба сари дидани ин беморат,
Гарчи як зарра туро нест ба ишқам корат,
Боз ҳам ошиқатам, чунки азизи диламӣ.
-
Гарчи бо чашми ҳақорат нигарӣ бар сӯям,
Гарчи бо теғи надомат бихарошӣ рӯям,
Гарчи бар хок кунӣ ҷумла ҳама орзӯям,
Боз ҳам ошиқатам, чунки азизи диламӣ.
-
Гарчи бо заҳри ҷафо талх бисозӣ ҷомам,
Гарчи бигзорӣ чунин шӯридаву нокомам,
Гарчи аз олами ёдат бибарорӣ номам,
Боз ҳам ошиқатам, чунки азизи диламӣ.
-
Гарчи кам нест таманнои туву нозиданат,
Беибо бо дили хунгаштаи ман бозиданат.
Гарчи дар куҷи дилат нест ҳавое зи манат,
Боз ҳам ошиқатам, чунки азизи диламӣ.
-
Пас чи созам, ки фаноовари обу гиламӣ,
Боиси ишқи абасрафтаву беҳосиламӣ,
Гарчи эҷодгари ранҷу ғаму мушкиламӣ,
Боз ҳам ошиқатам, чунки азизи диламӣ.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 27.01.2022
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 24
Саломату обод бошед!
Ба муваффақияти беназир ноил гардид Устод.
Бехтарин гурух мархамат
Гарчи умре бикашам ранҷи раҳи дидорат,
Гарчи н-ойи ба сари дидани ин беморат,...