Предыдущая публикация
Чун булбули уфтода зи гуфторам ман.
Бо туст маро саодату бахти баланд,
Бе будани ту пасту нагунсорам ман.
Бе рӯи гулат умри маро нест баҳор,
Бадтар зи баду хортар аз хорам ман.
Рӯзи хуши ман сиёҳтар аз мӯи ту бод!
Бо ғайри ту гар робитае дорам ман.
То ёри манӣ, қисмати шоҳона марост,
В-арна чу гадои сари бозорам ман.
Шукрона кунам ҳамеша аз Қисматсоз,
Дар қисмати худ токи туро дорам ман.
Имрӯз, ки мавлуди ту буд, хуш бодо!
Бар таҳниятат шеъри таре орам ман.
Ҷуз ин набувад Муродиро ҳадяи хуб,
З- оне, ки туро ҳамешагӣ ёрам ман.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 1.04.2022
(Ба муносибати зодрӯзи ҳамсарам)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 21
Аз онки чунин хамнафасе дорам ман.
Бадри Мунир
Бар моҳи рухат умре харидорам ман.
Муродӣ
Бар шоми гамат чу Бадри бедорам ман.
Бадри Мунир