Аҷоиб манзаре дорад, канори оби Зарринрӯд,
Нишони дилбаре дорад, хумори оби Зарринрӯд.
Ба тамкин мезанад қалбаш, ба чашми кас чу ором аст,
Дили ошиқтаре дорад, қарори оби Зарринрӯд.
Ба монанди арӯси сол мусаххар мекунад дилро,
Ҷамоли дигаре дорад, баҳори оби Зарринрӯд.
Зарандӯзӣ* кунад умре, агарчи махзани об аст,
Чи паҳнову баре дорад, канори оби Зарринрӯд.
Зи файзаш гашта ҳосилхез, тамоми Истаравшонам,
Ба ҳар дилҳо даре дорад, шарори оби Зарринрӯд.
Нумӯяш аз дили кӯҳу мусаффо чашмасорон аст,
Насими сарсаре дорад виқори оби Зарринрӯд.
Ба сӯяш мекашад ҳардам, ҳама фикру хаёламро.
Ба қалбам озаре дорад, хумори оби Зарринрӯд.
Муродӣ дар ҳавои* ӯ ду - се байте агар бинвишт,
Чи абёти таре дорад, нисори оби Зарринрӯд.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 03.03.20022
Зарандӯз* - он ки тилло ё молу сарват ҷамъ меоварад.
Дар ҳавои ӯ*- дар иштиёқи ӯ, дар ишқи ӯ.
--------------------
Шеър дорои ду қофия аст (Яъне дар ду шакл қофиябандӣ шудааст)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 37
Аҷоиб манзаре дорад, канори оби Зарринрӯд,
Нишони дилбаре дорад, хумори оби Зарринрӯд.
Ба тамкин мезанад қалбаш, ба чашми кас чу ором аст,
Дили ошиқтаре дорад, қарори оби Зарринрӯд.
Ба монанди арӯси сол мусаххар мекунад дилро,
Ҷамоли дигаре дорад, баҳори оби Зарринрӯд.
Зарандӯзӣ* кунад умре, агарчи махзани об аст,
Чи паҳнову баре дорад, канори оби Зарринрӯд.
Зи файзаш гашта ҳосилхез, тамоми Истаравшонам,
Ба ҳар дилҳо даре дорад, шарори оби Зарринрӯд.
Нумӯяш аз дили кӯҳу мусаффо чашмасорон аст,
Насими сарсаре дорад виқори оби Зарринрӯд.
Ба сӯяш мекашад ҳардам, ҳама фикру хаёламро.
Ба қалбам озаре дорад, хумори оби Зарринрӯд.
Муродӣ дар ҳавои* ӯ ду - се байте агар бинвишт,
Чи абёти таре дорад, нисори оби Зарринрӯд.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 03.03.20022
Зарандӯз* - он ки тилло ё молу сарват ҷамъ меоварад.
Дар ҳавои ӯ*- дар иштиёқи ӯ, дар ишқи ӯ.
--------------------
Шеър дорои ду қофия аст (Яъне дар ду шакл қофиябандӣ шудааст)
Чи абёти таре дорад, нисори оби Зарринруд.
Хело тасвири зебову мубарро ....Каламатон сабз бодо дусти шоирам