Сиддиқ Акбар хабарнигори хабаргузории “Восток−Нюз” меоварад: Дар Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавононе пайдо шудаанд, ки гӯё худро донишҷӯ ҳисобида, меҳанпараст дониста, ба заъми худ хостори муҷозоти ба истилоҳ хоиноне ҳамчун Муҳиддин Кабирӣ ҳастанд.
Дар Тоҷикистон чандест, ки ҷунбиши ба истилоҳ донишҷӯие ба вуҷуд омада аст, ки гӯё аз ҷавонони донишҷӯ ташкил шудаанд ва нигарони кишвару ватан мебошанд, ки худро ҳомӣ ва тарафдори ватану давлату миллат ҳисобида, дар гӯшаю канор ҳар чанд вақт як бор роҳпаймоӣ ба роҳ меандозанд. Ман номи ин гурӯҳро “ҷунбиши ҷавонони марионеткаи режими Раҳмон” мондаам ва иллати онро ин медонам:
1. Ин ҷавонон на ба хостаи худ, балки бо дастури давлат даст ба эътироз ва роҳпаймоӣ мезананд ва ҳамвора чизеро мехоҳанд, ки режими Раҳмон ба онҳо дикта кунад.
2. Донишҷӯёне ҳастанд, ки ВКД онҳоро фарёд карда дастурҳое медиҳад, ки агар иҷро накунанд, ё аз донишгоҳ ихроҷ мешаванд, ё ягон балои дигаре бар сараш меоранд.
3. Фақат аз ҳукумат ва режим ҳимоят мекунанд ва аслан интиқоде алайҳи соҳибмансабон надоранд.
4. Сардории ин ҷунбишро Аҳмадхуҷа Давлатов ӯҳдадор аст, ки худ коркуни ВКД мебошад.
5. Митинг дар Тоҷикистон қонунан манъ аст ва ҳар касе ки роҳпаймоӣ кунад, муҷрим шинохта шуда, муҷозот мешавад, далели ин сухан муроҷиати 5 зани аъзои боздоштшудаи ҲНИТ, ки қасди муроҷиат ба дафтар ИА дар Душанберо доштанд, ки онҳоро дастгир карда, ҷурмашонро роҳпаймоӣ эълом карда, муҷрим шинохта, боздошт карданд ва ҷарима низ супориданд. Аммо чаро ин ҷавононро ки дар пеши дафтари ИА роҳпаймоӣ карданд, аҳаде онҳоро дастгир накард?? Маълум аст, ки ин ҷунбиш марионеткаи режим аст.
6. Ин ҷунбиш, бори чандум аст, ки роҳпаймоӣ мекунад, дафтари ИА, инак дар донишгоҳ ва ҳамвора Муҳиддин Кабириро аз ИА хостор мешаванд, чаро?? Магар Тоҷикистон проблемае ғайр аз Муҳиддин Кабирӣ надорад, ки фақат ӯро аз ИА хостор мешаванд?? Проблемаи 2 миллион гастарбайтерро матраҳ карда, аз давлат таъмини кор хоҳед намешавад?? Чаро фақат чизеро мехоҳанд, ки режим онро мехоҳад? Вақте ки Умаралӣ Назарови 5−моҳа дар Русия кушта шуд, дар ҳоле ки ҳамаи ҷаҳон ба он вокунеш нишон доданд, шумо мурда будед, ки як роҳпаймоӣ дар ҳимояти кӯдаки 5−моҳаи тоҷик мекардед??
Бино ба ин далелҳо, ман номи ин гурӯҳро “ҷунбиши ҷавонони марионеткаи режими Раҳмҳон” номгузорӣ кардаам. Марионетка яъне дастнишондеҳ, яъне куклае ки ҳар тараф тобаш диҳӣ ҳамон тараф тоб мехӯрад, куклае ки дар дасту пову гардану баданаш банд аст, ки бандро гирифта ҳар тараф кашӣ, кукла ҳамон тараф тоб мехӯрад.
Ин “ҷунбиши ҷавонони марионеткаи режими Раҳмон” ҳамон куклае ҳастанд, ки режим ҳар хеле хоҳад, онҳоро бозӣ медорад ва ҳарчӣ хоҳад бигӯяд ин ҷунбиш онро ба забон меорад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1