Ё маро охир фаромӯш карду ёдовар нашуд.
Зарбаҳои сахт доим мезанад бар қалби ман,
Заррае ҳам дар хаёли дидаҳои тар нашуд.
Дар шаби зулмони бигристам зи сӯзи зиндагӣ,
Ҳамсадои гиряҳои ман ягон ахтар нашуд.
Гар-чи умрам рафт болову ҷавонмардӣ кунам,
Қадри ман афсӯс ҳаргиз ҳеҷ болотар нашуд.
Бар ягон дӯсте дар ин дунё надорам боварӣ,
Беҳтарин дӯстам шабеҳу пайрави додар нашуд.
Ҳар хато дидам агар рӯшод гуфтам доимо,
Дасти ман дар пеши номарде ба пеши бар нашуд.
Парваридам нокасеро хуни дил хӯрдам зи ғам,
Меҳнатам барбод рафту заррае дигар нашуд.
Баъди садҳо ваъдаҳои бардурӯғи мардумон,
Бар ҳақиқатҳам дигар як заррае бовар нашуд.
Бехи гӯшам дод гуфтам,гиря кардам бо алам,
Шукр бинмудам,ки чашмам кӯру гӯшам кар нашуд.
Маҳкампур,ашки ҳасрат дошту бигриста гуфт,
Ҳеҷ кас монанди ман дар ҳасрати модар нашуд,
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4