Масти дунёро шароби талхи соғар мекушад.
Баҳри чӣ умри дарозе нест баҳри андалеб...
Андалебонро ғами ашки гули тар мекушад.
Ҷумла мардони баномуси адолатпешаро,
Таънаҳоӣ пасту номардии додар мекушад.
Ҳар сари марде ба оромӣ ниёз дорад,вале
Хонашин бошад,ғуруру кибри ҳамсар мекушад.
Ҳар-кӣ муфлис гашту баҳри доданаш пайдо накард
Дирҳаме бар соҳибонаш,тақ-тақи дар мекушад.
Ҳар ғами миллат чу тире бар дили шоир занад,
Шоиронро ғусса дар болоӣ дафтар мекушад.
Норасида бар муроди зиндагии пурситам,
Орзуҳоӣ ҷавон,марги ситамгар мекушад.
Асли имон боварию баҳри ҳар як муслиме,
Пора бинмудан қабоӣ сабзи бовар мекушад .
Ҳар касе бо ҳар сабаб риҳлат намояд аз ҷаҳон,
Лек Маҳкампур туро андӯҳи модар мекушад.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 8