Сози золим будаасту сӯзи мазлум будааст.
Ҳар-ки доро,бар дилу бар дида дорад ҷойи хос,
Ҳар-ки нодор,бар дилу бар дидаҳо шум будааст.
Ҳар касе,ки раҳнамо дорад ба манзил мерасад,
Ҳар каси бераҳнамо сарсону раҳгум будааст.
Ҳар касе бечораву дар ҷустуҷӯи чора аст,
Оҳу афсӯсу дареғ аз шоди маҳрум будааст.
Ҳар касе зери ниқоби дӯстӣ дар хуррамӣ,
Рӯзи сахтӣ чеҳрааш бешубҳа маълум будааст.
Ҳар-ки номарди намуда мекунад кибру ғурур,
Қотили ҷони чунин инсон табассум будааст.
Аз худам кардам қиёс ҳар кас,ки бемодар бувад,
Аз нишоти зиндагӣ бешубҳа маҳрум будааст.
Бо худат як газ кафан танҳо барӣ бар хоки гӯр,
Ҳар-чи баъди ту бимонад моли мардум будааст.
Менамоӣ бар ҳама мардонагӣ Маҳкампурӣ,
Дар дили пуршӯри ту умре тараҳҳум будааст.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 7