Бо меҳр ба хонаӣ падар рафта будам.
Рафтам дами дарвоза надидам,модар,
Гӯё,ки ба хонаӣ дигар рафта будам.
Дар деҳа зи баъди рафтанат нур намонд
Эй модари ҷон,нишоту ҳам сур намонд.
Дигар бахудо шабеҳи бо ту будан,
Фарзанди ту худпарасту мағрур намонд.
Ҳарҷо,ки қадам ниҳам ту ҳамрози манӣ
Дар фикру хаёл,чун ҳамовози манӣ.
Гар ту набуди куҷо ҷаҳонбин будам
Модар бахудо,ки дидаӣ бози манӣ.
Офтоби банури ман паси абр бихуфт,
Ҷон модари ман ба хонаӣ қабр бихуфт.
«Аллоҳ юҳибусобирин»гуфту вале,
Билохира бо намудани сабр бихуфт.
Мирам бахудо канори ту бошам бас,
Ҳамсоя бари мазори ту бошам бас.
Буди ту ҳамеша ғамгусорам модар,
Ҳамсӯҳбату ғамгусори ту бошам бас.
Пайваста бигашта дидадӯзи модар,
Дилхаста басонӣ шабу рӯзи модар.
Рӯзе ба дили хок равад бо дили ғам,
Маҳкампури,бо азобу сӯзи модар.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3