Предыдущая публикация
Ҷигаратро бахудо пора кунӣ аз мо нест.
Қаҳрамонона зи ҳар офату ҳар осебаш,
Кӯдакаш гириву пуштора кунӣ аз мо нест.
Гӯиё ҷониби модар,ки дилаш месӯзад,
Гиря чун кӯдаки гаҳвора кунӣ аз мо нест.
Баҳри ободии мулке,ки зи мо безоранд,
Тани худ хаставу овора кунӣ аз мо нест.
Бикуни гар-чӣ талоше,ки муқими гардӣ,
Ғами ин зиндагӣ пуштора кунӣ аз мо нест.
Хаста гардидаву Маҳкампурӣ нооромӣ,
Дили мотамзада ғамхора кунӣ аз мо нест.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5