Он худованде,ки инсон офарид,
Аз сиришташ хок бар ҷон, офарид.
Чумла ходимаш малоик бешумор,
Шамсу ахтар моҳу осмон, офарид.
Чун табиат зинда андар хок хест,
Ҷумла оламро гулистон,офарид.
Аз заифон аввалин одам,Ҳаво,
Ҳазрати Одам (а) зи мардон,офарид.
То бигирад имтиҳонаш аз башар,
Чун рақибаш ҷумла шайтон, офарид.
Пас зи Одам(а), бар начот аз чидду чахл,
Шисро аз ҷумла покон, офарид.
Зинда рафт Идрис аз Дорулфано,
Пайки маргаш ғофил аз ҷон, офарид.
То зи мушрик пок созад одамӣ,
Киштии Нуҳ(а) з-он биёбон офарид.
Қавми Оде, ки биозурд Ҳудро,
Дар балои боду борон,офарид.
Бар Самуд пирӯз кард, Солеҳро,
Уштури нодида осон офарид.
Қавми Луте,ки зи ҳаддаш даргузашт,
Он ҳама бар хок яксон офарид.
Бо Ватан, ҳамватанам, тоҷики озод манам!Ҳамчу булбул ба тамошои лиқои чаманам!
Чун Ватан пираҳане ҳаст ба андомаи тан, Шарми урён бувадам гар набувад пираҳанам. Розиям чун намакаш кӯр кунад ҳарду басар,
Ки ман аз нони Ватан хурдаву з-он дил биканам.
Ҳама иззат зи касу кадри сухан дар Ватан аст.
Арзише нест чу ин дар ватани кас ,суханам.
Рушди ҳар рӯзи Ватан, бар каси ағёр чи сӯд?
Саъй андар раҳи обод бикӯш,ҳамватанам!
Дур будан аз Ватани хеш,ки гуфт беватани ?
Дар Ватан будану бе меҳри Ватан беватанам. Хар куҷое,ки равам боз биёям ба Ватан,
Бо Ватан соҳиби бахтам,ки соҳибватанам.
Гар маро гарм дар огуш накунад, хоки Ватан, Тани беҷони маро хеҷ напӯшад кафанам. Ғезанӣ, гулшани шеърат нахушкад
  • Класс
Зиндаги ҳар ранг моро мекушад,
Бе фишору ҷанг,моро мекушад.
Шишаи андар замири хастаро,
Куфта бо ҳар санг,моро мекушад.
Монда охир орзуҳо,нотамом,
Бозии найранг,моро мекушад.
Бо зи ҳарфи ғайбгӯён ,гушхарош,
Чун хари пурҳанг ,моро мекушад.
Гоҳ пиру гоҳ ҷавони гашта пир,
Карда пурожанг,моро мекушад.
Чун раҳо монем зи дарди ину он,
Аз замири танг, моро мекушад.
Бо адуи монда дар андоми дуст,
Ханҷараш пурзанг,моро мекушад.
Ғофил аз оне,ки бе мушту лагат,
Бо рубобу чанг,моро мекушад.
Ғезанӣ, чун шубҳа бар фарҳанг нест
Аз дари фарҳанг,моро мекушад.
  • Класс
Дилам, к- аз хор-хори ноумедиҳост,озурда,
Гузар аз роҳдарди зиндагӣ ,танҳост, паймуда.
Якини беғамам машмор ,ки чунбедарду парвоям,
Агарчи дар назар шоду ба рӯ лабхост, хандида.
Далел аз мардиву душманнахандонист, пинҳонӣ,
Вале аз дардҳо з-ин дил, басо хунҳост, афшурда.
Қазоват мекуни касро, ки аз ҳолаш намедонӣ,
Ба ҳар дарди ниҳони ӯ , чи сон ғамҳост,борида.
Басо дунё пур аз обу басе ҳам ташна хоҳанд рафт,
Ҳамин аст сери аз дунё ба лаб дарёст, хушкида.
Касе аз риштаи тағдир, гиреҳе боз натвон кард,
Ки роҳи шодии қисмат ба ғам ҳар ҷост, печида.
Набинад то маро афтода номарде,наафтодам,
Ки то ҷон бар тани озурда побарҷост,болида.
Кунам хилват ман аз ҷабри ба ном аз дустон, дурӣ,
Чу булб
Чу бори қимматат волотар аз гавҳар,намекардам,чи
мекардам,
Ба номат дафтари эҷодҳоро сар , намекардам, чи
мекардам.
Чу ҳуснат боиси шарми маҳу дар осмон, ахтар,
Чи хуш васфи туро аз ҳур ҳам хуштар ,намекардам, чи
мекардам.
Маро бо ин дили девонаам, хони гадои куй,
Ба мулки синаам буди туро сарвар,намекардам,чи
мекардам.
Туи равшангари ҳар дил, ки шуд ,зулматсаро,эй нур!
Ба дунеи замири хештан ховар,намекардам, чи
мекардам.
На райхону на ҳеч атре, надорад мушки гесуят,
Ба дидан орази моҳи туро манзар, намекардам,чи
мекардам .
Кашад дилро зи каъри сина он чашмони ҷодуят,
Ки хешро маст аз лаъли ту бе согар ,намекардам, чи мекардам.
Ба дунёе,ки чуз Эзид ,дигар ҳеч доваре ҳам нест,
Туро бар рагми
Ҷаҳон дар пардаи ғорат, дигар ҳарфе намегӯям,
Ба найранг баста шуд одат, дигар ҳарфе намегӯям .
Зи дилхо дуру дар гуфтор ,фақат меҳрони инсонӣ,
Ба ҳеҷ панде намонд ҳоҷат, дигар ҳарфе намегӯям.
Касе хайрхоҳу ҳакҷӯ аст, варо девона мехонанд,
Ҳамин аст хориву зиллат, дигар ҳарфе намегӯям.
Яке бо нақша хайре мекунад, дар нақши хайрхоҳе,
Маромаш хосаи миннат, дигар ҳарфе намегӯям.
Дигар аз ҷумла фарзандон, падар дӯстдори молдораш,
Дигар аз вожаи шавқат, дигар ҳарфе намегӯям.
Бародар бо бародар баҳри мансаб ,душмани дорад,
Ба даври охири мӯҳлат ,дигар ҳарфе намегӯям.
Занон як суву мардон ҳам ба ғайбат шуғл варзиданд ,
Замон шуд маҳфили ғайбат, дигар ҳарфе намегӯям.
Нигар баҳри Худо, хайре насоза
Показать ещё