Гузар аз роҳдарди зиндагӣ ,танҳост, паймуда.
Якини беғамам машмор ,ки чунбедарду парвоям,
Агарчи дар назар шоду ба рӯ лабхост, хандида.
Далел аз мардиву душманнахандонист, пинҳонӣ,
Вале аз дардҳо з-ин дил, басо хунҳост, афшурда.
Қазоват мекуни касро, ки аз ҳолаш намедонӣ,
Ба ҳар дарди ниҳони ӯ , чи сон ғамҳост,борида.
Басо дунё пур аз обу басе ҳам ташна хоҳанд рафт,
Ҳамин аст сери аз дунё ба лаб дарёст, хушкида.
Касе аз риштаи тағдир, гиреҳе боз натвон кард,
Ки роҳи шодии қисмат ба ғам ҳар ҷост, печида.
Набинад то маро афтода номарде,наафтодам,
Ки то ҷон бар тани озурда побарҷост,болида.
Кунам хилват ман аз ҷабри ба ном аз дустон, дурӣ,
Чу булбул аз ҷафои гул, ки з-ин маъност, шурида.
Вале то вопасин реҳлат,дилам аз кинаҳо холи,
Хуш аст бар дафтари аъмол, ҳама ноҷост, бахшида
Ҳакикат хубу дар ифошо, агар бо фитнаҳо хезад,
Ҳамон беҳтар,ки хомушӣ, басар ҳар ҷост нодида.
Ба мисли Ғезанӣ бахшу ҳама аз ёдҳоро бар,
Ба рузҳои фаромушӣ , ки чун шабҳост,хобида.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5
Бе сару сомона давре, баҳри одам омада.
Боди шар бархост гӯё , адли инсони намонд,
Даври шайтон аст, ин ҷо, одами кам омада.
Аз барои як дирам кас қадри касро хас кунад,
Бехудоро нохудои боз ҳам зам омада.
Беғамон аз бахри шоди, неш андар хар диланд,
Шод зистан хам насиби зишту беғам омада.
Аз нумуи хуи зишти заҳр шуд обу хаво,
Аҳриман бо мову ман ин ҷода дарҳам омада.
Санглилон гардида масрур аз дилозории хеш,
Мазлумонро з-ин қазоват дидахо нам омада.
Ҷазбаи неку шариро ғолибият нест-нест,
Зарбаи санги аду бо дӯст ҳамдам омада.
Ҳофизо, чанд давр бигзашт,боз ҳам даври Қамар,
Сад ҷафо бар рағми як дам лутфу озарм омада.
Ғезанӣ, дигар чи сози ҳақу ноҳакро ҷудо,
Чун губор андар самои мулки олам омада.
Маҳзун аз озор бозо ,куштаи дор аст, ҳануз.
Таърихи хунолуди мо , мояи ибрат нашуд,
Чашми ҳакомузи моро, тираву тор аст,ҳанӯз
Мастиҳо буданд в-он пас,пастиҳо то ин замон,
Соқиву масти шаробу зишту хаммор аст ҳанӯз.
Сад улум омад ба дунё,панд моро гуфту рафт,
Дарки бепарвои моро , боз нокор аст , ҳанӯз.
Рохи Ҳак холист бозо , майл бар бероҳаҳо,
Пой дар каҷроҳаҳои даҳр бемор аст, ҳанӯз
Баҳри пойдории аҳком, чон бахшиданду рафт,
Ҳайф бодо к-ин шариат,назди мо хор аст ҳанӯз
Чашми носери зи сарват сер гардад зери хок,
Зинда чун олам бигирад, боз нодор аст, ҳанӯз.
Кори дунёро касе то қабзи ҷон итмом накард,
Фурсати тоъат надорем ,кор бисёр аст, ҳанӯз.
Нафси дунёро бикуш, бар хеш боз о, Ғезанӣ!
Ҳар даму фурсат ғанимат, набз дар кор аст, ҳанӯз.
Аз сиришташ хок бар чон, офарид.
Чумла ходимаш малоик бешумор,
Шамсу ахтар моху осмон, офарид.
Чун табиат зинда андар хок хест,
Ҷумла оламро гулистон,офарид.
Аз заифон аввалин одам,Ҳаво,
Ҳазрати Одам (а) зи мардон,офарид.
То намояд имтихон кулли башар,
Хам рақибаш ҷумла шайтон, офарид.
Пас зи Одам(а), аз расулони башар,
Шисро аз ҷумла покон, офарид.
Идрисашро зинда бар Дорулфано,
Пайки маргаш гофил аз ҷон, офарид.
То зи мушрик пок созад одами,
Киштии Нуҳ(а)дар биёбон,офарид.
Қавми Оде, ки биозурд Ҳудро,
Дар балои боду борон,офарид.
Бар Самуд пируз кард, Солеҳро,
Уштури нодида осон офарид.
Кавми Луте,ки зи ҳаддаш даргузашт,
Он ҳама бар хок яксон, офарид.
Кард оташро ба Иброхим (а), хамуш,
Намруди з-он дида ҳайрон, офарид
Он,ки Исмоил(а) ба қурбонгоҳ,кашонд,
Баҳри одам, иди Курбон, офарид.
Чун фиристод роҳнамо,Исҳоқро,
Яъкуби дар сузу хиҷрон,офарид.
Юсуфи уро гуломи Миср кард,
Ҳокимаш аз ахли Канъон офарид.
Юнусашро ки зи амраш тофт руй,
Қисматаш даргири туф...ЕщёОн худованде,ки инсон офарид,
Аз сиришташ хок бар чон, офарид.
Чумла ходимаш малоик бешумор,
Шамсу ахтар моху осмон, офарид.
Чун табиат зинда андар хок хест,
Ҷумла оламро гулистон,офарид.
Аз заифон аввалин одам,Ҳаво,
Ҳазрати Одам (а) зи мардон,офарид.
То намояд имтихон кулли башар,
Хам рақибаш ҷумла шайтон, офарид.
Пас зи Одам(а), аз расулони башар,
Шисро аз ҷумла покон, офарид.
Идрисашро зинда бар Дорулфано,
Пайки маргаш гофил аз ҷон, офарид.
То зи мушрик пок созад одами,
Киштии Нуҳ(а)дар биёбон,офарид.
Қавми Оде, ки биозурд Ҳудро,
Дар балои боду борон,офарид.
Бар Самуд пируз кард, Солеҳро,
Уштури нодида осон офарид.
Кавми Луте,ки зи ҳаддаш даргузашт,
Он ҳама бар хок яксон, офарид.
Кард оташро ба Иброхим (а), хамуш,
Намруди з-он дида ҳайрон, офарид
Он,ки Исмоил(а) ба қурбонгоҳ,кашонд,
Баҳри одам, иди Курбон, офарид.
Чун фиристод роҳнамо,Исҳоқро,
Яъкуби дар сузу хиҷрон,офарид.
Юсуфи уро гуломи Миср кард,
Ҳокимаш аз ахли Канъон офарид.
Юнусашро ки зи амраш тофт руй,
Қисматаш даргири туфон,офарид.
Моҳиеро,ки дихад уро начот,
Солҳо з-он баҳр сарсон, офарид.
То бидонем, чист подоши сабур,
Аюби ранҷур зи кирмон, офарид.
Илми қисмат чун биомухт, Хизрро,
Он яке аз гайбфахмон,офарид.
Кард Мусо(а)сеҳрҳоро сарнагун,
З-он асояш мори печон офарид.
Юшаьу Ҳорун (а) шогирдони у,
Ёвараш бар рагми риндон офарид.
Чун Узайр( а)сад сол хобиду бизист,
Рузи растохез, ин сон офарид,
У Шуайбро зоҳиду обид ефт,
Роҳнамои қавми нодон, офарид.
Карда ходими Сулаймон инсу чин,
Довудашро шоҳи хушхон, офарид.
Кард умре ёди фарзанд, Закрие,
Дар гами Яҳёш армон офарид.
Бепадар тавлид бинмуд, тифлро,
Исиро аз оли Имрон, офарид.
То дихад итмоми динашро,камол
Аҳмади чун шамси тобон, офарид
Хам зи насорову зардушту яҳуд,
Дин чу комил шуд ,мусалмон офарид.
Чун китоби аввалаш,Таврот буд,
Пас Забур, Инҷилу Қуръон офарид.
Ҷумла ёри бовафои Аҳмадаш,
Чун Умар, бубакру Усмон, офарид.
Бас адуро рехт дархам ,Зулфикор ,
У Алиро шери майдон, офарид.
Бар замин як зарра илмаш орифин,
Рушди уро то ба кайҳон,офарид.
Бахри инсон дода неъмат бехисоб,
Ҳарчи лозим буд аз он, офарид.
Гезаниро дод илхоми сухан,
То зи шеъраш шеърборон, офарид.
ИсломчонМахмуди Гезани 24-03-2023 газали ахлоки ибратомез илхом аз газали"Он Худованде, ки аввал нури имон офарид" Ба шарофати мохи шарифи рамазон.
Аз нокасу бадхислату бадкина ҷудост.
Бар рохи наҷот равад ,ки оқил шумаред.
Ҳар зиндаи мо раванда аз дори фаност.
Ин чо,ки агар мартабахо пешу кафост,
Дар хок яке мартабаи шоху гадост.
Эй банда ту фикри ҷойу будаш, чи куни?
Хар ҷо, ки бувад адл ҳамон ҷода Худост!
Хар узви танат нишаста дар ҳастии ту,
Як лахза нигар, ки чойи чони ту кучост!
Аз ранҷу бало, ки санчиши Ҳак, ту манол,
Ҳар дард ,ки Худо дод, пасаш хайру давост.
Танхост табиб ба дарди гамдида сабаб,
Медон ба якин зи холикат хаст, шифост.
Ин ҷо,ки мароми буданат, хамду саност,
Ҷуз бахри Худо, дигар ҳама карда хатост,
Ин умри даме,ки ҳаст қиммат бишумар,
К-ин як нафас аз омадани марг, адост.
Ҳар кардаи зишти хешзи қисмат манигар,
Ҳар он чи Худо хост,агар карди равост.
Баҳри ту зи Ғезанӣ, хамин нуқта бас аст,
Эй он, ки ту мехои рави бар раҳи рост!
Ба ҳар дарди ниҳони ӯ , чи сон ғамҳост,борида