Ба найранг баста шуд одат, дигар ҳарфе намегӯям .
Зи дилхо дуру дар гуфтор ,фақат меҳрони инсонӣ,
Ба ҳеҷ панде намонд ҳоҷат, дигар ҳарфе намегӯям.
Касе хайрхоҳу ҳакҷӯ аст, варо девона мехонанд,
Ҳамин аст хориву зиллат, дигар ҳарфе намегӯям.
Яке бо нақша хайре мекунад, дар нақши хайрхоҳе,
Маромаш хосаи миннат, дигар ҳарфе намегӯям.
Дигар аз ҷумла фарзандон, падар дӯстдори молдораш,
Дигар аз вожаи шавқат, дигар ҳарфе намегӯям.
Бародар бо бародар баҳри мансаб ,душмани дорад,
Ба даври охири мӯҳлат ,дигар ҳарфе намегӯям.
Занон як суву мардон ҳам ба ғайбат шуғл варзиданд ,
Замон шуд маҳфили ғайбат, дигар ҳарфе намегӯям.
Нигар баҳри Худо, хайре насозад олими айём,
Факат дар толиби шӯҳрат,дигар ҳарфе намегӯям.
Басарро кулли инсони ,басиратро шаётин пур,
Куҷо шуд лаззати тоъат,дигар ҳарфе намегӯям.
Ба иҷборан ҳақиқатро, фақат бар санг хоҳам гуфт,
Басо шарм аст з-ин ҳолат ,дигар ҳарфе намегӯям.
Ҳамон, ки Ғезанӣ як руз ,ҷаҳон аз кор хоҳад монд,
Чу даври ақраби соат, дигар ҳарфе намеӯям.
Исломҷон Маҳмуди Ғезанӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 15
Файз, саховат аз мо рафта, дегар харфе намегуям.
Надори ту молу мулк, инсон нашуморандат.
Ки қадри одами як пул, дегар ҳарфе намегуям.
На ору номуси марди, на шарму хайё дар занхо.
Намонда акли инсонӣ,дегар харфе намегуям.
Ба фекри одами, бағайри пул, дегар чизе намеғунҷад.
Ситамгар болои ситамчи, дегар харфе намегуям.
Ба лаб номи худо, дар калбҳо ҷои худо нест.
Кунед дил суи ҳак, дегар ҳарфе намегуям.
Дуруғгую найрангчи, ҳама ҳурмати володор шуд.
Ки ҳак хору поймол аст, дегар ҳарфе намегуям.
Негар баҳри худо хайри насозад одамӣ,имруз.
Ҳама баҳри(лайку подписка) дегар ҳарфе намегуям.
Бидон эй Ҷовиди- ноком ҷахон саросар пир гаштаст.
Ба ин пиреи маҷбури, дегар ҳарфе намегуям.
Солҳои чавония ба ёд оварда,муносиби ғазали шумо, як ду мисра моям навиштем, додари азиз. Ягон хато гузаштабошад пешаки узр, Исломҷон.
04:02: 2022 Ҷовиди ,ноком’!