Предыдущая публикация
Бе фишору ҷанг,моро мекушад.
Шишаи андар замири хастаро,
Куфта бо ҳар санг,моро мекушад.
Монда охир орзуҳо,нотамом,
Бозии найранг,моро мекушад.
Бо зи ҳарфи ғайбгӯён ,гушхарош,
Чун хари пурҳанг ,моро мекушад.
Гоҳ пиру гоҳ ҷавони гашта пир,
Карда пурожанг,моро мекушад.
Чун раҳо монем зи дарди ину он,
Аз замири танг, моро мекушад.
Бо адуи монда дар андоми дуст,
Ханҷараш пурзанг,моро мекушад.
Ғофил аз оне,ки бе мушту лагат,
Бо рубобу чанг,моро мекушад.
Ғезанӣ, чун шубҳа бар фарҳанг нест
Аз дари фарҳанг,моро мекушад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Маҳзун аз озор бозо ,куштаи дор аст, ҳануз.
Таърихи хунолуди мо , мояи ибрат нашуд,
Чашми ҳакомузи моро, тираву тор аст,ҳанӯз
Мастиҳо буданд в-он пас,пастиҳо то ин замон,
Соқиву масти шаробу зишту хаммор аст ҳанӯз.
Сад улум омад ба дунё,панд моро гуфту рафт,
Дарки бепарвои моро , боз нокор аст , ҳанӯз.
Рохи Ҳак холист бозо , майл бар бероҳаҳо,
Пой дар каҷроҳаҳои даҳр бемор аст, ҳанӯз
Баҳри пойдории аҳком, чон бахшиданду рафт,
Ҳайф бодо к-ин шариат,назди мо хор аст ҳанӯз
Чашми носери зи сарват сер гардад зери хок,
Зинда чун олам бигирад, боз нодор аст, ҳанӯз.
Кори дунёро касе то қабзи ҷон итмом накард,
Фурсати тоъат надорем ,кор бисёр аст, ҳанӯз.
Нафси дунёро бикуш, бар хеш боз о, Ғезанӣ!
Ҳар даму фурсат ғанимат, набз дар кор аст, ҳанӯз.
Аз нокасу бадхислату бадкина ҷудост.
Бар рохи наҷот равад ,ки оқил шумаред.
Ҳар зиндаи мо раванда аз дори фаност.
Ин чо,ки агар мартабахо пешу кафост,
Дар хок яке мартабаи шоху гадост.
Эй банда ту фикри ҷойу будаш, чи куни?
Хар ҷо, ки бувад адл ҳамон ҷода Худост!
Хар узви танат нишаста дар ҳастии ту,
Як лахза нигар, ки чойи чони ту кучост!
Аз ранҷу бало, ки санчиши Ҳак, ту манол,
Ҳар дард ,ки Худо дод, пасаш хайру давост.
Танхост табиб ба дарди гамдида сабаб,
Медон ба якин зи холикат хаст, шифост.
Ин ҷо,ки мароми буданат, хамду саност,
Ҷуз бахри Худо, дигар ҳама карда хатост,
Ин умри даме,ки ҳаст қиммат бишумар,
К-ин як нафас аз омадани марг, адост.
Ҳар кардаи зишти хешзи қисмат манигар,
Ҳар он чи Худо хост,агар карди равост.
Баҳри ту зи Ғезанӣ, хамин нуқта бас аст,
Эй он, ки ту мехои рави бар раҳи рост!