мекардам,
Ба номат дафтари эҷодҳоро сар , намекардам, чи
мекардам.
Чу ҳуснат боиси шарми маҳу дар осмон, ахтар,
Чи хуш васфи туро аз ҳур ҳам хуштар ,намекардам, чи
мекардам.
Маро бо ин дили девонаам, хони гадои куй,
Ба мулки синаам буди туро сарвар,намекардам,чи
мекардам.
Туи равшангари ҳар дил, ки шуд ,зулматсаро,эй нур!
Ба дунеи замири хештан ховар,намекардам, чи
мекардам.
На райхону на ҳеч атре, надорад мушки гесуят,
Ба дидан орази моҳи туро манзар, намекардам,чи
мекардам .
Кашад дилро зи каъри сина он чашмони ҷодуят,
Ки хешро маст аз лаъли ту бе согар ,намекардам, чи мекардам.
Ба дунёе,ки чуз Эзид ,дигар ҳеч доваре ҳам нест,
Туро бар рагми афзуни гамам довар ,намекардам,чи
мекардам.
Занад бори ҷафои зиндаги, чун захмҳо бар қалб,
Ба дардаш малҳами меҳри туро ёвар,намекардам чи
мекардам.
Ба мисли Гезани ,васфи туро, чун борҳо гуфтанд,
Вале васфи туро аз борхо хуштар ,намекардам, чи
мекардам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 13
Беҳтарин шоир тағом
Хасти бути ораз чу мах, хам будпарасти мекунам.
Хар лахза махваш мешави, бозо мушавваш мешави,
Гохо чу оташ мешави, оташпарасти мекунам.
Аммо наям кофар аз ин харгунпарастихои дил,
Зеро ба хикмат ин хама, яктопарасти мекунам.
Чуз он, ки олам офарид, дигар парастидан хатост,
Танхо ба васфат ин хама болою пасти мекунам.
Аз ишки ту девонаам ё аз худам бегонаам,
Бозо худамро дар худам, ман хасту нести мекунам.
Ту чун малоик зодаи, ё худ аз у озодаи?
Сар то ба поят бодаи, ман аз ту масти мекунам.
Дар хар тапиши калби ман, эхсоси хастии ту хаст,
Як имтиёзе хам бубахш, ман дар ту хасти мекунам!
Аз Гезани, харфи наку, бахри ту орам гуфту гу,
То бо ту бошам ру ба ру, ман пешдасти мекунам.