Аз сиришташ хок бар ҷон, офарид.
Чумла ходимаш малоик бешумор,
Шамсу ахтар моҳу осмон, офарид.
Чун табиат зинда андар хок хест,
Ҷумла оламро гулистон,офарид.
Аз заифон аввалин одам,Ҳаво,
Ҳазрати Одам (а) зи мардон,офарид.
То бигирад имтиҳонаш аз башар,
Чун рақибаш ҷумла шайтон, офарид.
Пас зи Одам(а), бар начот аз чидду чахл,
Шисро аз ҷумла покон, офарид.
Зинда рафт Идрис аз Дорулфано,
Пайки маргаш ғофил аз ҷон, офарид.
То зи мушрик пок созад одамӣ,
Киштии Нуҳ(а) з-он биёбон офарид.
Қавми Оде, ки биозурд Ҳудро,
Дар балои боду борон,офарид.
Бар Самуд пирӯз кард, Солеҳро,
Уштури нодида осон офарид.
Қавми Луте,ки зи ҳаддаш даргузашт,
Он ҳама бар хок яксон офарид.
Кард оташро ба Иброхим (а), хамуш,
Намруди з-он дида ҳайрон, офарид
Он,ки Исмоил(а) ба қурбонгоҳ,кашонд,
Баҳри одам, иди Курбон, офарид.
Чун фиристод роҳнамо,Исҳоқро,
Яъқуби бо сӯзу ҳиҷрон,офарид.
Юсуфи уро ғуломи Миср кард,
Ҳокимаш аз аҳли Қанъон офарид.
Пас Юнусашро, ки аз амраш гузашт,
Қисматаш даргири туфон,офарид.
Моҳиеро,ки дихад ӯро наҷот,
Солҳо з-он баҳр сарсон, офарид.
То бидонем, чист подоши сабур,
Аюби ранҷури кирмон, офарид.
Илми қисмат чун биомухт, Хизрро,
Он яке аз ғайбфахмон,офарид.
Кард Мусо(а)сеҳрҳоро сарнагун,
З-он асояш мори печон офарид.
Юшаъу Ҳорун (а) шогирдони у,
Ёвараш бар рағми риндон офарид.
Чун Узайр( а)сад сол хобиду бизист,
Рузи растохез, ин сон офарид,
У Шуъйбро зоҳиду обид ёфт,
Роҳнамои қавми нодон, офарид.
Карда ходими Сулаймон инсу чин,
Довудашро шоҳи хубон, офарид.
Кард умре ёди фарзанд, Закриё,
Дар ғами Яҳёш ормон офарид.
Бепадар тавлид бинмуд, тифлро,
Исиро аз оли Имрон, офарид.
То дихад итмоми динашро,камол
Аҳмади чун шамси тобон, офарид
Ҳам зи насорову зардушту яҳуд,
Дин чу комил шуд ,мусалмон офарид.
Он паёми аввалаш,Таврот буд,
Пас Забур, Инҷилу Қуръон офарид.
Ҷумла ёри бовафои Аҳмадаш,
Ӯ Умар, Бӯбакру Усмон, офарид.
Бас адуро рехт дархам ,Зулфиқор ,
Чун Алиро шери майдон, офарид.
Бар замин як зарра илмаш орифин,
Рушди уро то ба кайҳон,офарид.
Баҳри одам дод неъмат бехисоб,
Ҳарчи лозим буд аз он, офарид.
Ғезаниро дод илҳоми сухан,
То зи шеъраш шеърборон, офарид.
ИсломчонМахмуди Гезани 24-03-2023 газали ахлоки ибратомез илхом аз газали"Он Худованде, ки аввал нури имон офарид" Ба шарофати мохи шарифи рамазон.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 13
Шис( а) - паембар.
Идрис (а)- паембар
Нух (а) - паембар
Худ (а) - паембар
Солех (а)- паембар.
Иброхими Халил (а) - паембар.
Намруд - подшохи замони хазрати Иброхим(а), ки хазратро хост дар оташ сузонад.
Исхок (а) - паембар
Яькуб (а) - паембар.
Юсуф (а) - паембар.
Юнус (а) - паембар.
Айюб (а) - паембар
Шуайб (а) паембар.
Мусо (а) - паембар
Узейр (а) - паембар
Довуд (а) - паембар
Сулаймон (а) - паембар
Исо (а) - паембар. ( 01 -33 )
Имрон (а) - яке аз бобохои хазрати Марям, ки дар Курон бо номи як марди солех зикр шудааст.
Ахмад (с) -яке аз номхои хазрати Мухаммади мустафо (с) хотами паембарон ва охирин паембар. ( 570 - 633 )
Абубакр (р) -яке аз ерони хазрати Мухаммад (с) ери гор, сахоба , падарзан ва падари Оиша (р) яке аз хамсарони хазрати Мухаммад (с).аввалин халифаи муслимин, иштирокчии чангхои Бадр, Ухуд, Табук, Хандак ва Хайбар дар рикоби паембар (с)
Умар (р) - еру евар, сахоба ,падарзан, падари Хафса (р) яке аз хамсарони хазрати Мухаммад (с) ва домоди хазрати Али ...ЕщёОдам( а) -паембар
Шис( а) - паембар.
Идрис (а)- паембар
Нух (а) - паембар
Худ (а) - паембар
Солех (а)- паембар.
Иброхими Халил (а) - паембар.
Намруд - подшохи замони хазрати Иброхим(а), ки хазратро хост дар оташ сузонад.
Исхок (а) - паембар
Яькуб (а) - паембар.
Юсуф (а) - паембар.
Юнус (а) - паембар.
Айюб (а) - паембар
Шуайб (а) паембар.
Мусо (а) - паембар
Узейр (а) - паембар
Довуд (а) - паембар
Сулаймон (а) - паембар
Исо (а) - паембар. ( 01 -33 )
Имрон (а) - яке аз бобохои хазрати Марям, ки дар Курон бо номи як марди солех зикр шудааст.
Ахмад (с) -яке аз номхои хазрати Мухаммади мустафо (с) хотами паембарон ва охирин паембар. ( 570 - 633 )
Абубакр (р) -яке аз ерони хазрати Мухаммад (с) ери гор, сахоба , падарзан ва падари Оиша (р) яке аз хамсарони хазрати Мухаммад (с).аввалин халифаи муслимин, иштирокчии чангхои Бадр, Ухуд, Табук, Хандак ва Хайбар дар рикоби паембар (с)
Умар (р) - еру евар, сахоба ,падарзан, падари Хафса (р) яке аз хамсарони хазрати Мухаммад (с) ва домоди хазрати Али (р) шавхари Уммикулсум (р) ки яке аз наберагони паембар (с) ва дуюмин халифаи муслимин ,иштирокчии чангхои Бадр, Ухуд, Табук, Хандак.ва Хайбар, дар рикоби паембар(с).
Усмон(р) - еру евар,сахоба, домод сеюмин халифаи муслимин иштирокчии чангхои Бадр,Ухуд, Табук,Хандак ва Хейбар ва шавхари ду духтари паембарс ( с ) бо номи Уммикулсум (р) ва Рукия (р)- ки модарашон Хадичаи Кубро(р) хамсари аввалини паембар (с) ,ки паембар (с) дар синни 25 ва Хадичаи Кубро(р) дар синни 40 солаги издивоч карданд ,ки чор фарзанди хазрати Мухаммад(с) аз Хадичаи Кубро (р) Рукия (р), Уммикулсум (р) Фотима (р) ва писари чавонвафодкардаашон бо як ном Косим (р) ва номи дигараш Иброхим (р) хастанд.
Али (р) - еру евар сахоба чорумин халифаи муслимин, домоди паембар (с) ва шавхари Фотима(р) духтари паембар (с), падари фарзандони Фотима(р) наберагони хазрати Мухаммад(с) бо номи Уммикулсум(р), Зайнаб (р), имом Хасан( р) панчумин халифаи муслимин ва имом Хусейн(р) шахиди Карбало.
Падарзани хазрати Умар(р) ва иштирокчии чангхои Бадр, Ухуд, Табук, Хандак, Хайбар ва фатхкунандаи Хайбар дар рикоби паембар (с) дар замони паембар (с) ,пахлавони шучоь бо тахаллуси Хайдар яьне шер ва Амири муслимин ва сарлашкари чанги калони Сиффин бо лашкари шом тахти сарварии Муовият ибни Абусуфиен ва чанги Нахравону Чамал дар замони амирии хеш.
Зулфикор -шамшери хазрати Али (р)
Орифин - чамье аз Акобиру уламо.
Худованд илми динниву дунявиатонро боз ҳам зиёдаву зиёдатар гардонад..
Беҳтарину беҳтаринашро болои коғаз овардаед..