То чароғи анҷуман кардам забони хештан,
Мехурам чун шамъ доим мағзи ҷони хештан.
Гавҳари ман дар таҳи гарди қасодӣ шуд ятим,
Вақти он омад, ки барбандам дукони хештан.
Руйи беҳбудӣ надорад доғҳои синаам,
Зардруйӣ мекашам аз гулситони хештан.
Ҳар киро бинам ба олам, хешро гум кардааст,
Аз кӣ меҷӯяд касе дигар нишони хештан?
Чуғзро вайронаҳо бошад ҳисори офият,
Кулбаи худ кардаам доруламони хештан.
Чун кафи дасти гадо дастурхони ман тиҳист,
Мекашам шармандагӣ аз меҳмонӣ хештан.
Шиква аз хони фалак, ай лола, пеши ман макун,
Мехурам ман ҳам ба хун тар карда нони хештан.
Мағзи худро сухтам аз бечарогӣ ҳамчу шамъ,
Даст акнун мондаам бар устухони хештан.
Мешавад аз хандаи ойина олам гулситон,
Гар бибинам акси руйи заъфарони хештан.
Модари даврон ба ҷойи шир хунам доду рафт,
Душманиҳо дидаам аз меҳрубонӣ хештан.
Ҳар кӣ механдад чу гул дар ин гулистон, оқибат
Мезанад худ пушти дасте бар даҳони хештан.
Пешвои қавм гардад оқибат меҳробвор,
Қиблаи худ ҳар кӣ созад дилситони хештан.
Чанд бо ман медиҳӣ дарди cap, ай паҳлунишин?
Рузгоре шуд, гирифторам ба ҷони хештан.
Манзили мо гашта чун тири ҳавои бенишон,
Хонабардушем дойим чун камони хештан.
Сайидо, аз килки худ дойим суханҳо мекашам,
Захмҳо дорам ба дил аз ҳамзабони хештан.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев