Предыдущая публикация
Фиреби кашмакаши ақл диданӣ дорад,
Ки мири қофилаву завқи раҳзанӣ дорад.
Нишони роҳ зи ақли ҳазорҳила мапурс,
Биё, ки ишқ камоле зи якфанӣ дорад.
Фаранг гарчи сухан бо ситора мегўяд,
Ҳазар, ки шеваи ў ранги ҷавзанӣ дорад.
Зи маргу зист чӣ пурсӣ дар ин работи куҳан,
Ки зист коҳиши ҷон, марг ҷонканӣ дорад.
Сари мазори шаҳидон яке инон даркаш,
Ки безабонии мо ҳарфи гуфтанӣ дорад.
Дигар ба дашти Араб хайма зан, ки базми Аҷам
Майи гузаштаву ҷоми шикастанӣ дорад.
На шайхи шаҳр, на шоъир, на хирқапўш Иқбол,
Фақири роҳнишин асту дил ғанӣ дорад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев