Шоҳро хоҳӣ, ки бинӣ, хок шав даргоҳро,
З-обрўй обе бизан даргоҳи шоҳаншоҳро.
Наъл кун, чун чатр дидӣ ту кулоҳи чархро,
Чок зан, чун рўи ў дидӣ қабои моҳро.
Чун кулаҳ бар сар нишин риндони афсарҷўйро,
Чун хирад дар ҷон нишон риндони лашкаргоҳро.
Аз барои ғарри дидори Сиёвахшию Шиш
Ҳамчу Бежан банд кун дар чоҳи хори ҷонро.
Офиятро сар бизан, баҳри камоли ишқро,
Оқибатҳо дам бизан баҳри ҷамоли роҳро.
Ҳам ба чашми шоҳ рўи шоҳ хоҳӣ диду бас,
Дида андар кори шаҳ кун кўрии бадхоҳро.
Аз сари озодмардӣ теғе аз ғайрат бирон,
Ҳам шафоатҷўйро куш, ҳам шафоатхоҳро.
Дарди ишқ аз марди ошиқ пурс, аз оқил мапурс,
К-огаҳӣ набвад зи обу чоҳи Юсуф чоҳро.
Ақл бо фанд аст, маншон ақлро бар тахти ишқ,
Осмон ушшоқро беҳ, ресмон ҷуллоҳро.
Гар сипар бифганд ақл аз ишқ, гў бифкан, равост,
Рўи хотун сурх бояд, хок бар сар доҳро.
Пеш гир андар талаб роҳи дарозоҳанги танг,
Гў дил андар шак шикан сабри забонкўтоҳро.
Дард мўсовор хоҳӣ ҷоми фиръавнӣ талаб
Бодҳои офиятсўзу маломаткоҳро.
Ҳар ғаму шодӣ, ки аз ишқ аст, ҳам ишқ аст аз он,
Бори индаллоҳ бошад тухми Абдуллоҳро.
Коҳ гард андар вафои ишқ, то бар ҷон-т низ
Ҳукм набвад ақли шуғлафзои корогоҳро.
Боди кибр аз сар бинеҳ, дар дил барафрўз оташе,
Пас бар он оташ бисўз он обгун даргоҳро.
Чун шудӣ коҳе Саноӣ, ҳам ба гирди коҳ гард,
З-он ки коҳе беҳ, шиносад қадру қимат коҳро.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев