#СУФИЁНА
Бе шак алиф аст Аҳад, аз ў ҷўй мадад,
В-аз шахси Аҳад ба зоҳир омад Аҳмад.
Дар арз Муҳаммад шуду маҳмуд омад
Аз қолаллоҳ қул ҳуваллоҳу аҳад.
***
Эзид, ки ҷаҳон ба қабзаи қудрати ўст,
Додаст туро ду чиз, к-он ҳар ду накўст:
Ҳам сирати он, ки дўст дорӣ касро,
Ҳам сурати он, ки кас туро дорад дўст.
***
Дунё ба масал чу кўзаи заррин аст,
Гаҳ об дар ў талху гаҳе ширин аст.
Ту ғарра машав, ки умри ман чандин аст,
К-ин аспи аҷал мудом зери зин аст.
***
Гуфтори накў дораму кирдорам нест,
Аз гуфти накўи беамал орам нест.
Душвор бувад кардану гуфтан осон,
Осон бисёру ҳеч душворам нест.
***
Сармояи умри одамӣ як нафас аст,
Он як нафас аз барои як ҳамнафас аст.
Бо ҳамнафасе гар нафасе биншинӣ,
Маҷмўи ҳаёти умр он як нафас аст.
***
Наққоши рухат зи таънаҳо осудаст,
К-аз ҳар чӣ тамомтар бувад, бинмудаст.
Рухсору лабат чунонки бояд, будаст,
Гўӣ, ки касе ба орзу фармудаст.
***
Ё раб, ғами он чи ғайри ту дар дили мост,
Бардор, ки беҳосилӣ аз ҳосили мост.
Алҳамд, ки чун ту раҳнамое дорем,
К-аз гумшудагонем, ки ғам манзили мост.
***
Дӣ тифлаки хокбез ғирбол ба даст
Мезад ба ду дасту рўи худро мехаст.
Мегуфт ба ҳой-ҳой, к-афсўсу дареғ,
Донге бинаёфтему ғирбол шикаст.
***
Гар толиби роҳи Ҳақ шавӣ, раҳ пайдост,
Ў рост бувад бо ту, ту гар бошӣ рост.
В-он гаҳ ки ба ихлосу ба дил гар софӣ,
Ўро бошӣ, бидон, ки ў низ турост.
***
Мерафтаму хуни дил ба роҳам мерехт,
Дўзах-дўзах шарар зи оҳам мерехт.
Меомадам аз шавқи ту бар гулшани кавн,
Доман-доман гул аз нигоҳам мерехт
***
Тасбеҳ малакрову сафо Ризвонро,
Дўзах бадро, биҳишт мар неконро.
Дунё Ҷамрову Қайсару Хоқонро,
Ҷонон морову ҷони мо ҷононро.
#рубоёт
#дубайтиҳо
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев