Худованд мефармояд:
«إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ ثُمَّ لَمۡ يَرۡتَابُواْ وَجَٰهَدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡوَأَنفُسِهِمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلصَّٰدِقُونَ ١٥» [الحجرات: 15].
«Мӯъминон танҳо ононанд, ки ба Худо ва расулаш имон овардаанд, онгоҳ шак ба дил роҳ надодаанд ва бо амвол ва ҷонҳояшон дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд, инонанд, ки ростгӯянд»
(Сураи Ҳуҷарот: ояти 15).
Худованд барои сидқ ва ростӣ имонашон ба Худо ва Расул шарт карда, ки шак ба дили худ роҳ надиҳанд, яъне шак накунанд, зеро касе, ки шак кунад, аз мунофиқин шумор меравад.
Ва аз Абу Ҳурайра (разиаллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расулаллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:
«أشهد أن لا إله إلاَّ الله و أنّي رسول الله، لا يلقى الله بهما عبد غير شاك فيهما إلاَّ دخل الجنّة» وفي رواية: «لا يلقى الله بهما عبد غير شاك فيهما فيحجب عن الجنّة» [مسلم].
«Гувоҳи медиҳам, ки маъбуде бар ҳақ ҷуз Худои Якто нест, ва ман Расули Худо ҳастам. Ҳар касе бо ин ду гувоҳӣ Худоро мулоқот кунад, ва дар он шакке дар дил наёварад, ба биҳишт дохил хоҳад шуд, ва дар ривояте омадааст: ҳар касе бо ин ду гувоҳӣ Худоро мулоқот кунад дар ҳоле, ки шакке дар дили ӯ набошад, аз дохил шудан ба биҳишт ҷилавгирӣ нахоҳад шуд» (Ривояти Муслим).
Ва дар ҷузъе аз ҳадисе, ки Абу Ҳурайра (разиаллоҳу анҳу) аз Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекунад, омада аст, ки фармуданд:
«... من لقيت وراء هذا الحائط يشهد أن لا إله إلاَّ الله مستيقناً بها قلبه فبشّره بالجنّةمن لقيت وراء هذا الحائط يشهد أن لا إله إلاَّ الله مستيقناً بها قلبه فبشّره بالجنّة» [مسلم].
«Ҳар киро пушти ин девор мулоқот карди, ки гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ғайр аз Худои Якто нест, дар ҳоле, ки дилаш мустайқин ба он бошад, ба биҳишт мужда бидеҳ» (Ривояти Муслим).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев