Предыдущая публикация
Ба ҳеҷ як нохудое ҳам бало нест!
На як молик ба даҳр асту на Эзид,
Набуд пайгамбару не Мустафо нест!
Замин дар гардиши атрофи офтоб,
Муаллак буданаш ҳам аз Худо нест!
Басо бинмуда инкори қиёмат ,
Ку гуё дузаху рузи ҷазо нест!
На ҳеч зеру забар ҳасту на як оҳ,
На як бадкардаро ранҷу ҷафо нест!
Куҷо онон, ки будаш карда инкор,
Ки хомушанду аз онҳо садо нест!
Ҳама дар бими молу ҷони хешанд,
Ки ҳеҷ дору ба таскини вабо нест!
Давои дарди ин вируси олам,
Яқин бодо , ки чуз назди Худо нест!
Чи бояд кард пурсед ,Ғезаниро,
Бигуяд чорае ғайр аз дуо нест!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Саломат бошед.