Ман аз ғами бисёр нагӯям, ки надонӣ,
Аз холи дили зор, нагӯям, ки надонӣ .
Аз хубии бо миннати дӯстона гурезам,
Аз миннату озор, нагӯям, ки надонӣ.
Ин дил, ки ҳазор бор ба як бор шикастам,
Аз ғайбати ғамбор, нагуям, ки надонӣ.
Гул бе зарари хор набишкуфт, дар ин дахр,
Аз дахри пур аз хор нагӯям, ки надонӣ.
Шаб то ба сахар ин манаму дидаи бедор,
Ман аз дили бемор, нагӯям, ки надонӣ.
Танхо ба забон аст, фақат дӯст буданҳо,
Аз дӯсти ҷафокор, нагуям, ки надонӣ.
Бар холи касе ҳеҷ касе ғусса надорад,
Ҷуз модари ғамхор, нагуям ки надонӣ.
Ҳарчанд равон гуфтаму дард аст,ғазали ман,
Аз хуни дил осор нагуям, ки надонӣ.
Аз ҷабри фалак гоҳ шинаму нола намоям ,
Чун соили бозор нагуям, ки надонӣ.
Не шавқату меҳр аст, дар ин гардиши айём,
Аз қавми дилозор нагӯям, ки надонӣ.
Пирои ман аз ранги хун аст ҳарфи ғазалҳо,
Дард аст ҳама гуфтор, нагӯям, ки надонӣ.
Қадр аст факат бо пули бисёр,дар ин даҳр,
Чун ҳарфи аламдор наӯям, ки надонӣ.
Аз тақлиди агёр, мусалмон ба гунох аст,
Аз номусу аз ор нагуям, ки надони
Чун меҳри пул аст то ба ҳануз монди олам,
Ҷуз ин хама бекор, нагуям, ки надонӣ.
Бешак ту мапурс з-ин ҳама ғофил буданат беҳ,
Донӣ, ҳама душвор, нагуям, ки надонӣ.
Хилват талабад Ғезанӣ аз даргаҳи Эзид,
То марги сазовор нагуям, ки надонӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 10
Аз фурсати дидор, нагуям ту надони.
Дард аст хама гуфтор, нагуям, ки надони.