Дигар дар сина шавқат нест ,ки моро ашкҳо найранг,
Дигар аз меҳр гуфтан нест, ки гуё меҳрҳо, найранг.
Хаёлам иблис аст ночор аз ин найранги инсони,
Маро бар гиря меорад, ҳама суру садо, найранг.
Навои номи найранг аст, садои раъду барқ имруз,
Ба гардун боз мерезад ба ашки абрҳо, найранг.
Кучое як диле бошад,дучори дарди найранги,
Зи захми хаста мегиряд ба армони қазо,найранг.
Касоне макр мебозанд ,ки чун дилсузи ёронанд,
Вале бо фитна мерезанд ба руйи дардҳо,найранг.
Ба қасди муттаҳам кардан ки хайри моли дунё шуд,
Намоз хондан ба масҷиду гаҳе зикру дуо, найранг.
Басо даври Қамар бигзашт, биомад даври найранги,
Дилам сард гашта аз лофу ҳама меҳру вафо, найранг.
Зи дасти макри инсони,ҷаҳон як руз хохад сухт.
Ки ҳар руз беш мебинам ҳама рузи Худо,найранг
Ба ашки дида шустан гар гуноҳи фаҳшро тавба,
Вале хам фаҳш шустанхо ба ғусли обҳо найранг.
Дигар эй Ғезанӣ, дарди замират бар ки хоҳи гуфт,
Ки бо чашми хирад бини хама дори фано,найранг.
Исломчон Махмуди Гезани. Газал бо номи "Найранг" 28-08-2021
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4
Хонданбобу пурмазмун. Офарин Исломчон хаста набошед. Бароятон комьëбихои эчоди орзумандем.