Сари хар куху камар, ёдат хаст?
Ману ту монда ба зери борон,
Зери як чодари тар, ёдат хаст?
Ба хумори хама он бусу канор,
Зери тобиши камар, ёдат хаст?
Гуфти рохи падарам хам ин чост,
Накун ин рох гузар, ёдат хаст ?
Бахудо, гуфти кушад мову туро ,
Гар бубинад падар , ёдат хаст?
Ба ту гуфтам наравам, аз ту матарс,
Гар занад тиру табар, ёдат хаст?
Ту бигуфти, ки манам дар бари ту,
Буданам бо ту зафар, ёдат хаст.?
Киштии ишкаму з- ин руди хаёт,
Накунам бе ту гузар, ёдат хаст?
Чашми мастони ту шуд масти хумор,
Ба дами бусаи тар, ёдат хаст?
Хам намудам зи сари мехру вафо ,
Ба нигохи ту назар, ёдат хаст?
Ба ту гуфтам, ки чи зевар гирамат,
Ёки аз лаълу гухар, ёдат хаст?
Гуфтиам зевару зарро чи кунам,
Ту худат зевару зар, ёдат хаст?
Вале бо ёри дигар мекушамат,
Шунавам хамчу хабар, ёдат хаст.
Гуфтамат ёри мани бо ту манам,
Чи кунам ёри дигар, ёдат хаст?
Гуфтамат эй ки факат дар бари ту,
Нашавам хуни чигар , ёдат хаст?
Хам бигуфтам, ки манам дар бари ту
Наравам чойи дигар, ёдат хаст?
Гуфтиам , ки биравам аз ту агар,
Шавадам кур басар, ёдат хаст?
Ману ту куша ба хам пир шавем,
Зи казо то ба кадар, ёдат хаст?
Ту хамоне, ки магар пир шави,
Ту хамон шераки нар ёдат хаст,
Гуфтамат ёр, чи зебо суханат,
Ба дилам кард асар, ёдат хаст?
Ману ту бехабар аз он ,ки дигар,
Шаби мо гашт сахар, ёдат хаст?
Исломчон Махмуди Гезани . Шеъри дархости бо номи " Ёде аз чавони "
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Ба дами бусаи тар, ёдат хаст?
Хам намудам зи сари мехру вафо ,
Ба нигохи ту назар, ёдат хаст?