Хасти бути ораз чу маҳ, ҳам будпарасти мекунам.
Ҳар лаҳза махваш мешави, бозо мушавваш мешави,
Гоҳо чу оташ мешави, оташпарасти мекунам.
Аммо наям кофар аз ин ҳаргунпарастиҳои дил,
Зеро ба ҳикмат ин хама, яктопарасти мекунам.
Ҷуз он, ки олам офарид, дигар парастидан хатост,
Танҳо ба васфат ин ҳама болою пасти мекунам.
Аз ишки ту девонаам ё аз худам бегонаам,
Бозо худамро дар худам, ман ҳасту нестӣ мекунам.
Ту чун малоик зодаи, ё худ аз у озодаи?
Сар то ба поят бодаӣ, ман аз ту мастӣ мекунам.
Дар ҳар тапиши қалби ман, эҳсоси ҳастии ту ҳаст,
Як имтиёзе ҳам бубахш, ман дар ту ҳастӣ мекунам!
Аз Ғезанӣ, ҳарфи накӯ, баҳри ту орам гуфту гӯ,
То бо ту бошам рӯ ба рӯ, ман пешдастӣ мекунам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 9