Куҳкан кист, ба гарди мани шайдо бирасад,
Ҷунбиши кӯҳ маҳол аст ба анқо бирасад.
Ҷигари ташнаи саҳрои тааллуқ, тарсам,
Сели моро нагузорад, ки ба дарё бирасад.
Ҳайф, сад ҳайф ки дар доираи имкон нест
Аҳли дарде, ки ба дарди сухани мо бирасад
Оламе ҳамчу садаф чашму даҳон во кардаст,
Ба кӣ то гавҳари ибрат ба тамошо бирасад.
Мегузоранд ками неъмати боқӣ фардо,
Ҳар чӣ ин ҷо ба ту аз неъмати дунё бирасад.
Ҳаргиз аз кибр накардӣ нигаҳе дар таҳи по,
Бо ту чун фоидаи файз зи боло бирасад.
Шаҳпари домани исмат ба фалак месояд,
Пайи Юсуф чи маҳол аст Зулайхо бирасад.
Ноқис аз тарбияти чарх нагардад комил,
Бодаи хом маҳол аст ба мино бирасад.
Аз камандаш наҷаҳад ҳеҷ шикоре, Соиб,
Ҳар киро даст ба он зулфи чалипо бирасад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев